Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар як фармони вижа шаш додрас ё судяҳои додгоҳҳои гуногуни Тоҷикистонро аз мақомҳояшон барканор кардааст. Далелии барканории бархе аз додрасҳо "хоҳиши худашон" унвон шудааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар додааст.
Аз ҷумла бар асоси ин фармон Шарифзода Мавҷуда Рауфӣ аз вазифаи раиси суди шаҳри Хуҷанд ва Мирбобозода Ҳабибулло Муҳамадаюбӣ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба далели "расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод" гардиданд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон Давлатзода Искандар Саъдуллоро ва Расулзода Муҳаммад Аслидинро аз мақоми додарси додгоҳи вилояти Хатлон, Ализода Эраҷ Асатулло ва Аминзода Фирӯза Баҳромиро аз мақоми додраси додгоҳи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд "бо хоҳиши худашон" барканор кардааст
То кунун дар бораи ба ҷойи додрасҳои барканоршуда дар мавриди таъин шудани нафарони нав хабар дода нашудааст.
То ҳол дар маврди таъин гардидани раисони суд ва судяҳо нав иттилое дода нашудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста