Сохторҳои тандурустии пойтахт ба пӯрзур намудани маъракаи эмгузаронии пурраи сокинони шаҳр бар зидди бемории сироятии COVID-19 ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати аз ташхис гузаронидан ва ба карантин фаро гирифтану чораҳои амалӣ андешидан нисбат ба шахсони аз хориҷа ба ҷумҳурӣ воридшаванда вазифадор гардиданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, зимни ҷаласаи кории назди раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо иштироки муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо, масъулини сохторҳои дахлдор ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масоили пурзӯр намудани тадбирҳои саривақтӣ барои пешгирӣ аз ин беморӣ, махсусан эмгузаронии сокинони пойтахт, амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни сокинон, назорати қатъии риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва корҳои безараргардонӣ дар пойтахт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Рустами Эмомалӣ доир ба андешидани тадбирҳо бобати омодагӣ ва таъмини муассисаҳои тиббӣ бо маводи доруворӣ ва таҷҳизоти зарурӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли воситаҳои санитариву гигиенӣ ва безараргардонӣ дастур дод.
Раиси пойтахт ҳамчунин дастур дод, ки ҷиҳати корҳои фаҳмондадиҳӣ ва эмкунии аҳолӣ ва меҳмонони шаҳр, бахусус дар муассисаҳои томактабӣ, тандурустӣ, боғҳои фарҳангу фароғатӣ, театр, кинотеатр, марказҳои савдо, бозорҳои истеъмолӣ гардиши хона ба хона ба роҳ монда шавад.

Инчунин супориш дода шуд, ки ба тарабхонаву ошхона, қаҳвахона ва дигар ҷойҳои ҷаъмиятӣ ҳангоми гузаронидани тӯйу маъракаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, аз онҳо риояи қатъии меъёрҳои беҳдоштӣ, фосилаи иҷтимоӣ ва чораҳои безараргардонӣ талаб шавад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ аз ҷониби роҳбарони тамоми нуқтаҳои хизматрасонӣ қатъиян назорат шавад.

Барои назорат аз болои иҷрои ин дастурҳо супориш дода шуд, ки дар назди Раёсати тандурустии пойтахт гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, аз натиҷаи иҷрои корҳо дар ин самт ҳамарӯза ба раиси шаҳр ахборот манзур шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста