Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26 август ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ва боздид аз вазъи соҳаи кишоварзӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф овард.
Тавре дафтари матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, нахуст президенти мамлакат дар шаҳр марҳилаи аввали корхонаи истеҳсоли профили алюминийи ҶДММ "Алюмин Проф"-ро ба истифода дода, барои бунёди марҳилаи дуюми он санги асос гузошт.
Зимни боздид аз корхона гуфта шуд, ки коргоҳи навтаъсис имконият дорад дар як сол 7,2 ҳазор тонна алюминийро коркард намуда, аз он наздик ба 100 навъи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ истеҳсол намояд.
Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли профили алюминийи "Алюмин Проф" расман оғоз бахшида, аз намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода дар саҳни корхонаи навтаъсис боздид намуд.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии таълимии «Литсей – интернати шаҳри Турсунзода»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Эҳёи Сомониён» Ҷӯрабек Муҳибов сохта шудааст.
Бинои таълимии Литсей аз 44 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла химия, физика, биология, математика, геометрия, омодагии дифои ҳарбӣ ва компютерӣ иборат буда, барои 1000 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.
Сипас сарвари давлат дар маросими ба истифода додани бинои нави Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турусунзода ширкат варзид.
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун дар маросими ифтитоҳи боз як қатори иншооти ҷашнии дигар, аз ҷумла бузургтарин дар минтақа маҷмааи гармхонаҳо, Қасри шоҳмот ва Амфитеатр низ ҳузур хоҳад дошт.
Сафари кории президент ба шаҳри Турсунзода идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ишқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста