Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯ дар доираи сафар ба ноҳияҳои водии Рашт бо фаъолони ноҳияи Сангвор мулоқот ороста, дар он доир ба дурнамои рушди ноҳияи изҳори назар кард.
Бино ба иттилои хадамоти сарвари давлат, президент зикр кард, ки барои таъмин намудани рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Сангвор ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 914 млн сомонӣ равона гардидааст.
Дар ин муддат дар ноҳия ҷиҳати бунёду барқарорсозии иншооти маорифу тандурустӣ, афзоиши интиқоли нерӯи барқ, таҷдиду нигоҳдории роҳҳо, дастгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ, барқарорсозии инфрасохтори деҳот ва бахшҳои дигар 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағи беш аз 24 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 3 лоиҳаи дигар идома дорад.
Сарвари давлат изҳор доштааст, ки инчунин, дар ин давра ба ноҳия 150 млн сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст.
“Дар Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Сангвор барои солҳои 2021 – 2025 барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароити инфрасохтори ноҳия, бунёди иншооти таъиноти гуногун ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ амалисозии 174 лоиҳа ба маблағи умумии 150 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст”, - таъкид доштааст сарвари давлат.
Қобили зикр аст, ки то вохӯрӣ бо фаъолони ноҳия Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия иштирок карда, ба бунёди Муассисаи томактабии замонавии «Калидчаи Заррин» оғози расмӣ бахшид ва аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии деҳқонон боздид намуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста