Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки субҳи имрӯз ба ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) ташриф овард, бо фаъолони ноҳияи мазкур мулоқот карда, дар бораи дастоварду камбудиҳо изҳори назар кард.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии доимии ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ноҳияи Лахш ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ маблағ хароҷот гардидааст.
Зикр шуд, ки дар ин давра, инчунин, аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия беш аз 320 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳия 21 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 700 млн сомонӣ амалӣ гардида, имрӯзҳо татбиқи боз 3 лоиҳаи дигар идома дорад.

Сарвари давлат изҳор намуд, ки тибқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2021-2025 амалисозии 224 лоиҳа ба маблағи умумии 221 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
“Дар баробари ин, хотирнишон менамоям, ки имкониятҳои ноҳия дар самти ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, косибӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, таъмин намудани фаъолияти муназзами коргоҳу корхонаҳои заршӯии хусусӣ ҳанӯз пурра истифода нашудаанд”, - гуфт ӯ зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолони ноҳия.
Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони асили ноҳия соли 2020 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 333 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки афзоиши он назар ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ беш аз 3 баробарро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи президент, дар зарфи 20 соли охир ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳияи Лахш қариб 50 баробар ва бахши тандурустӣ - 79 баробар зиёд карда шуд.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста