Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо иди касбиашон - Рӯзи милитсия, ки ҳамасола 10 ноябр таҷлил мегардад, табрику таҳният гуфт.
Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар паёми шодбошии худ ба ин муносибат президент зикр кард, ки “натиҷаи хизмати содиқонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аст, ки имрӯз шаҳрвандон дар симои кормандони милитсия ҳимоятгарони таъмини амнияти давлату миллати худ, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодӣ, моликият ва суботу оромии ҷомеаро мебинанд ва бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд”.
“...Зеро онҳо дар тӯли сӣ соли соҳибистиқлолӣ ба хотири ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлол, ҳифзи шараф ва зиндагии ороми сокинони мамлакат ва обрӯи халқу давлати худ дар сафи пеши мубориза қарор доштанд, - омадааст дар паём. - Ҳангоми иҷрои вазифа ба хотири таъмин намудани зиндагии орому осудаи сокинон ва ҳимояи қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ дар сӣ соли сипаришуда садҳо нафар кормандони милитсия ҷони худро қурбон кардаанд, ки Ҳукумати мамлакат ва мардуми кишвар корнамоӣ ва хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медоранд”.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин таъкид дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ доир ба таъминоти моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди вазифаҳои хизматӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани ҳифзи иҷтимоии кормандон ва хизматчиёни ҳарбии мақомоти милитсия ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
“Бовар дорам, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар оянда низ ба савганди худ содиқ мемонанд ва вазифаҳои хизматии хеш, яъне мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмин намудани волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро бо садоқату матонат ва бо масъулияти дучанд иҷро мекунанд”, - зикр мешавад дар паём.
Сарвари давлат ҳамаи кормандони милитсияи тоҷикро ба ифтихори ҷашни касбиашон табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ ва дар иҷрои рисолати пуршарафашон муваффақияту комёбӣ орзу кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳудуди 22 ҳазор хориҷиён аз Русия хориҷ шуданд
Эъдоми қариб 1200 кас дар 16 кишвари ҷаҳон
Дар як кӯчаи Душанбе ҳаракати нақлиёт барои се моҳ маҳдуд мешавад
Баъди танқиди раиси Бохтар ду масъули маркази дилхушӣ 5 шабонарӯз ҳабс шуданд
Бо ипотека дар Тоҷикистон метавон соҳиби хона шуд?
“Бе ноноварони хона зиндагӣ душвор аст”. Аз қазияи пурсарусадои “ҷанҷол бо милисаҳо дар Истаравшан” як сол гузашт
Ҷаҳон ҳамлаи охири Исроил ба Рафаҳро маҳкум кард. Нетаняҳу онро “иштибоҳи ғамангез” унвон кард
“Самбӯсаи косагӣ”. Дар куҷо ва бо чӣ қимат метавон пайдо кард?
Мавқеи Тоҷикистон дар “Шохиси шаффофияти буҷет”-и Шабакаи байналмилалии буҷетӣ беҳтар шудааст
“Ҳуҷҷату хона надорем, куҷо худро дар қайд гузорем?”. Боздошту ҷаримаи шахсони бесарпаноҳ дар Суғд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста