Дар Тошканд бинои нави сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистонбунёд мешавад. Рӯзи 8-уми декабр маросими оғози расмии бунёди бинои нав оғоз шуд.
Дар маросими оғози расмии сохтмон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки бо сафари корӣ дар ин кишвар қарор дошт, ширкат кард,-хабар медиҳад ВКХ.
Ба иттилои манбаъ, майдони бинои нави сафорати Тоҷикистон 1,40 ҳектор буда, бар асоси созишномаи ҳукуматҳои ду кишвар дар мавриди мутақобилан ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди сафоратхонаҳои якдигар, ихтисос ёфтааст.
Тибқи лоиҳа маҷмааи биноҳои сафорат аз қароргоҳи раҳбари намояндагӣ, бинои консулӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои кормандон, толори зиёфат ва маҷлисгоҳ, гузаргоҳҳои назоратӣ, таваққуфгоҳ ва майдончаи варзишӣ иборат хоҳад буд.

Бар асоси созишномаи дар боло ёдшуда, бинои сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар маҳаллаи Зарафшон, дар паҳлӯи саоратхонаи ИМА, дар майдони 1,2 ҳектор бунёд мешавад. Дар назар гирифта шудааст, ки моҳи октябри имсол ба баҳрабардорӣ супурда шавад.
Дар ҳоли ҳозир сафорати Тоҷикистон дар Тошканд дар кӯчаи Абдулло Қаҳҳор 61 ва сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Душанбе дар кӯчаи Саноӣ 30 ҷойгир мебошанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста