Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон дар нишасти матбуотии имрӯз ба интиқодҳои ахири Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ахири ҳукумат аз шеваҳои кори ин ниҳод посух дод. Ӯ гуфт, ки аз сӯйи президент вобаста ба фаъолияти мақомот эроди ҷиддӣ гирифта нашуд, танҳо дар самти назорати давлатии молиявӣ дастурҳо дода шуд.
Номбурда гуфт, дар ҷаласаи охири ҳукумат раисҷумҳури Тоҷикистон супориш дод, ки ҳангоми тафтишу санҷишҳои молиявӣ диққати асосиро ба ошкоркунии зарарҳои молиявӣ ва барқарор кардани онҳо ба буҷети давлатӣ равона кунем.
- Танҳо дастурҳо буданд, мо қабул кардем, супоришҳоро иҷро мекунем. Аллакай баъди маҷлиси ҳукумат мо ҷаласаи изтирории худро гузаронидем, дастурҳои ҳукумат ва президенти мамлакатро ба ҳамаи самтҳои фаъолияти мақомот, ҳам ба муовинон ва ҳам ба сардорону раёсату шуъбаҳо даструҳоро додаем. Фаъолиятро дар соли 2022 ҷоннок мекунем, - гуфт Султонзода.
Чанде пеш як манбаъ, ки дар ҷаласаи охири ҳукумати кишвар ширкат дошт, дар суҳбат бо “Азия - Плюс” гуфт, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҷаласа аз фаъолияти Оҷонсии мубориза бо фасод сахт интиқод кард ва бо хитоб ба роҳбари он гуфт, ки худи кормандони оҷонсӣ зимни фаъолияти кории худ даст ба фасод мезананд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 20-уми январи соли равон паси дарҳои баста ва бе ҳузури хабарнигорони мустақил баргузор гардид.
Гуфта мешуд, ки дар маҷлис бештар аз пешрафтҳо гуфтаанд. Вале акнун маълум мешавад, ки президент ҳамчунин аз камбудиҳо ҳам сухан гуфта будааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста