Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ чанде пеш, рӯзи 25 апрел сармеъмори пойтахтро иваз кард.
Бо қарори раиси пойтахт Қосим Усмонзода бо хоҳиши худаш аз вазифаи сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт озод карда шудааст, хабар медиҳад шаҳрдорӣ.
Дар бораи сабаби тағйироти кадрӣ хабар дода намешавад. Минбаъд низ ӯ ба чӣ кор машғул хоҳад шуд, маълум нест.
Дар ҳамин ҳол, ба ҷойи ӯ Сами Азимиён, ки қаблан ба ҳайси директори КВД “Душанбешаҳрсоз” кор мекард, таъин шудааст. Дар бораи ба ҷойи Азимиён кӣ таъин шудан ҳам маълумот дастрас нест.
Баҳси Нақшаи генералӣ ё “Генплан”-и пойтахт, ки мувофиқи он биноҳои кӯҳна тахриб шудаву биноҳои нав сохта мешаванд, чанд соли охир доғ аст.
Зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Зувайдзода дар ин робита изҳор намуда буд, ки “Нақшаи генералӣ ҳуҷҷатест, ки дар он самтҳои стратегии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва қаламрави маҳаллаҳои аҳолинишин муайян карда мешаванд ва ин ҳуҷҷати махфиест, ки набояд нашр шавад”.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи Нақшаи генералӣ, ҳамаи бинои якошёнаи манзилҳо ё ҳавлиҳо, ки дар маркази пойтахт ҷойгиранд, давра ба давра тахриб мешаванд, зеро “инро Нақшаи генералии пойтахт тақозо мекунад”.
Дар навбати худ муовини аввали раиси пойтахт Ҷамшед Табарзода дар ин маврид изҳор дошта буд, ки махфӣ будани Нақшаи генералии бозсозӣ ё “Генплан”- и шаҳри Душанбе ба хотири бехатарӣ ва пешгирӣ кардан аз гурӯҳҳои экстримистиву терористӣ рӯи даст гирифта шудааст.
“Генплан” муҳр ё хусусияти махфӣ дорад. Ба кадом хотир? Ба хотири он ки ин асос барои бехтарӣ, пешгирӣ кардан ҳатто аз ҳамаи гурӯҳҳои экстремистиву терористӣ ва дигар гурӯҳҳое ки дар нохунак шумо нағз медонед”, - таъкид дошта буд Табарзода.





Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста