Дар идомаи тағйироти кадрии имрӯз, ректорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳам аз мақомҳояшон барканор шудаанд.
Дар шарҳи барканории ин ду ректор дар қарори раиси ҳукумати Тоҷикистон омадааст, ки "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" озод карда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол бо қарорҳои ҳукумат Дилшод Сафарбек ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Аҳлиддин Ибодуллозода ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон таъин шудаанд.
Дар ҳамин ҳол гуфта нашудааст, ки Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмон аз мақоми ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирализода Абдусалом Мустафо аз мансаби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ озод ва ба чӣ мақомҳои наве таъин шудаанд.
Дилшод Сафарбеки 37-сола то ин вақт декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Ӯ ҳамчунин узвияти Маҷлиси миллии Тоҷикистонро низ дорад.

Дилшод Сафарбек зодаи шаҳри Кӯлоб буда, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир вакили Маҷлиси вакилони Душанбе низ мебошад.
Солҳои 2006-2012 ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, 2012-2014 муовини декани ин факулта дар бахши корҳои тарбиявӣ ва муовини декан дар умури таълим, солҳои 2014-2015 муовини мудири шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президент и Тоҷикистон ва 2015-2016 мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дин ниҳод кор кардааст.
Аз 01.03.2016 то ин тағйирот декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Аҳлиддин Ибодуллозода, то ин вақт директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон буд. Ибодуллозода хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон буда, ба ҳайси асисстенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи факултети таърихи ин донишгоҳ мутахассиси раёсати илм ва инноватсия, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва муовини директори Пажўҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон кор кардааст.
Ҳамчунин ба унвони сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси бахши маориф ва илми раёсати илму маърифат ва мудири бахши маориф ва илми раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолият намудааст.
Аз 18-уми январи соли гузашта то кунун директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста