Дар Тоҷикистон ба қонун дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимият тағйирот ворид карда шуд. Акнун раисони минтақаҳо метавонанд барои ташкили тӯйҳои пуршукуҳ ва фурӯши ғайриқонунии замин аз мансаб барканор карда шаванд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи ворид намудани илрваҳо ба Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”-ро ба имзо расонид. Ба моддаи 22-и ин қонун тағйирот ворид шудааст.
Акнун раисони вилоят ва шаҳру навоҳиро барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи муқовимат бо коррупсия, танзими расму оин ва ҷашну маросим, инчунин дидаву дониста ғайриқонунӣ қабул кардани қарорҳо дар бораи ҷудо кардан, мусодира ва ба ихтиёр додани замин метавонанд аз вазифа озод кунанд.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон, дар семоҳаи аввали соли равон 3 ҳазору 476 далелҳои риоя нашудани қонунгузории замин ошкор шудааст. Аз рӯи 3 ҳазору 108 далел парвандаи маъмурӣ боз шуда, ба маблағи 1 млн 559 ҳазору 551 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Барои баҳои ҳуқуқӣ додан 284 мавод ба мақомоти прокуратура ирсол гардида, 137 мавод ҷиҳати маҷбурӣ ситонидани ҷаримаҳо ба хадамоти иҷро фиристода шудааст.
Яъне сабаби аз кор озод шудан қонуншиканӣ маҳз дар ҳамин бандҳо зикр мешавад. Қаблан барои чунин амалҳо раисони минтақаҳо бар асоси ариза дар бораи истеъфо, қарор дар бораи маҳдудияти коршоямӣ ё эътирофи корношоямӣ ва ё ҳукми суд дар бораи гунаҳкорӣ аз вазифаашон озод мешуданд.
Мунтазам иҷро накардани уҳдадориҳои худ, қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гирифтани шаҳрвандии давлати дигар низ барои аз мансаб барканор гардидан асос шуда метавонад.
Қарори мазкур рӯзи 20 апред аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шуда, рӯзи 30 май онро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ маъқул донист.
“Худам шоҳу табъам вазир?”. Мансабдороне, ки парвои интиқод надоранд
Эмомалӣ Раҳмон аз фориғболиву бемасъулиятии роҳбарони муассисаҳо, роҳбарони илмӣ ва докторантҳо гуфт
КОА беасос будани фошкориҳои “Диссернет”-ро собит накард. Интиқоди дубора ва шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз асардуздии олимони тоҷик
Боз як ширкати Чин дар МОИ “Панҷ” неругоҳи барқи офтобӣ месозад
Таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисӣ. Мақомоти Эрон гузориши дуввуми худро нашр карданд
Чанд нафар ҷудокорони тоҷик ба Олимпиадаи Париж мераванд?
Дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳудуди 22 ҳазор хориҷиён аз Русия хориҷ шуданд
Эъдоми қариб 1200 кас дар 16 кишвари ҷаҳон
Дар як кӯчаи Душанбе ҳаракати нақлиёт барои се моҳ маҳдуд мешавад
Баъди танқиди раиси Бохтар ду масъули маркази дилхушӣ 5 шабонарӯз ҳабс шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста