Дар Тоҷикистон аз 11 июл нишастҳои хабарии вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввал оғоз мегарданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.
Гуфта мешавад, нақшаи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби роҳбари дастгоҳи президенти Тоҷикистон рӯзи 28 июн тасдиқ шуд.
Дар ҷараёни нишастҳои матбуотӣ, ки ҳар рӯзи корӣ баъд аз 11 июл якчанд вазорату идораҳо мегузаронанд, намояндагони ВАО имкон пайдо мекунанд, ки ба саволҳои мавриди таваҷҷуҳашон посух гиранд.
Шахсони масъули вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳои дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта бояд вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ “Ховар” тариқи телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа кунанд.
Мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ 5 август ба итмом мерасанд.
Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.
Аммо баъдан ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба баргузор мешаванд.
Дар супориши мазкур зикр шудааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор кунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста