Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19-уми июл ба як қатор қонунҳо имзо гузошт.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, қонунҳо “Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ”, “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ”, “Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ” ва “Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
“Қонун “Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ” ба густариши раванди таҳия, тасдиқ ва амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва рушди соҳаҳои муҳими ҳаёти кишвар нигаронда шудааст”, - шарҳ дода мешавад дар хабари хадамоти матбуот.
Гуфта мешавад, дар қонун “Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ” доир ба таъмини аҳолӣ бо моҳӣ, ҳифзи захираҳои он, рушди соҳибкории соҳа ва бунёди ҷойҳои нави корӣ сухан меравад.
“Қонун “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ” масъалаҳои коркард, муомилот, назорати сифати дору ва роҳҳои таъмини аҳолиро бо дору ва дигар молҳои тиббӣ танзим менамояд”, - омадааст дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, қонунҳои қабулгардида ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки қонунҳо дар матбуот интишор карда мешаванд.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста