Ноҳияи Ҷайҳун то соли 2024 аз маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ даст кашида, худкифо хоҳад шуд.
Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳун зимни нишасти матбуотӣ, рӯзи 27 июл ваъда дод, ки ноҳияро то соли 2024 ба як ноҳияи худкифо табдил медиҳад.
“Мо дар доираи нақшачорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ният дорем, дар ноҳия як парки технологии саноатӣ бисозем. Дар дохили ин парк 10-12 корхонаи саноатӣ сохта мешавад. Ноҳияи Ҷайҳун яке аз истеҳсолкунандагони асосии маҳсулоти кишоварзӣ аст ва дар ин замина бояд корхонаҳои саноатӣ сохта шавад. Ҳамчунин, чанд корхонаю коргоҳҳои хурди саноатӣ ба истифода дода мешавад. Аз ин ҳисоб мо то соли 2024 ноҳияро ба як ноҳияи худкифо табдил медиҳем ва аз маблағҳои мақсадноке, ки аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ба ноҳия ҷудо мешавад, даст мекашем”, - гуфт раиси ноҳия.
Айни замон дар соли 2022 маблағҳои даромади худи ноҳия 41,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин 55,4 % қисми хароҷоти буҷаи ноҳияро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, барои пӯшонидани қисми хароҷоти буҷаи ноҳия аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ 25,6 миллион сомонӣ ё 34% қисми хароҷот ва аз ҳисоби буҷаи вилоят 7,3 миллион ё 9,7% қисми хароҷоти буҷаашонро мегиранд.
Аз маълумот бармеояд, ки ноҳияро зарур аст, ки барои худкифо шудан бояд бе назардошти зиёдшавии музди меҳнат ва қисми хароҷоти буҷаи ноҳия дар ду соли оянда 32,9 миллион сомонии иловагӣ пайдо кунанд.
Бояд гуфт, ки дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 5 шаҳру ноҳия, Бохтар, Левакант, Норак, Данғара ва Ёвон худкифо мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста