Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи Тартиби пардохти ҷубронпулӣ ба шаҳрвандоне, ки корашон ба сирри давлатӣ алоқманд аст, қарор қабул кард.
“Ҷубронпулии ҳармоҳа ба маоши вазифавӣ (ставкаи тарифӣ) ба шаҳрвандоне, ки бевосита дар мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо фаъолият менамоянд (минбаъд - кормандони мақоми низоми махфият) ва кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ, ки ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ба таври доимӣ сарукор доранд, пардохт карда мешавад”, - омадааст дар санади нашршуда дар портали иттилоотии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, маблағи фоизи ҷубронпулии моҳона ба маошҳои вазифавии (ставкаҳои тарифии) кормандони мақоми низоми махфият ва кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ дар як моҳ 15 фоиз муқаррар карда мешавад.
“Ҷубронпулии моҳона аз рӯзи таъин гардидани шаҳрванд ба мансаби дахлдор дар мақоми низоми махфият, мақоми ваколатдори давлатӣ ва/ё қабули фармоиш дар бораи ба зиммаи корманд вогузор намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои пешбурди коргузории махфӣ аз ҳисоби фонди музди меҳнат тибқи тартиби муқарраргардида пардохт карда мешавад”, - омадааст дар санад.
Ҷубронпулӣ дар ҳолатҳои зерин пардохт мешавад:
- ҳангоми дар рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак қарор доштан;
- ҳангоми таҳсили дарозмуддат;
- ҳангоми вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот то лаҳзаи бартараф намудани онҳо.
Пардохти ҷубронпулӣ пас аз як рӯзи аз вазифа озод шудан ва қатъ шудани рухсат доштани шарванд ба сирри давлатӣ қатъ карда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки чанде пеш ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки Барномаи давлатии пурзӯр намудани ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шавад.
Барои ин чорабиниҳо то соли 2026 ба сурати умум ҷудо гардидани ҳудуди 15,6 млн сомонӣ (1,5 млн доллар) маблағ пешбинӣ шудааст. Ин маблағҳо аз Буҷети давлатӣ ва “дигар сарчашмаҳо” ҷудо карда мешаванд.
Ҳадафи аслии таҳияи барномаи мазкур тақвияти фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи маълумоти махфӣ ва маълумот бо дастрасии маҳдуд тариқи шабакаҳои техникӣ унвон мешавад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста