Дар соли 2023 барои хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 миллион сомонӣ ҷудо гардида, аз ҷониби роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бе ягон тағйирот қабул шудааст. Дар ин бора Ҷамшед Муртазозода, раиси Кумитаи назорати дастур ва ташкили кори порлумони Тоҷикистон, дар ҷаласаи даъвати шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ хабар додааст.
Тибқи иттилои нашрияи порлумонии «Садои мардум», Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор ва Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия 13 – уми декабри соли 2022 лоиҳаи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагонро барои соли 2023 дар ҷаласаи якҷоя баррасӣ намуда, онро маъқул шуморида, барои қабули қарори дахлдор ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуданд. Лоиҳаи мазкур бе ягон тағйирот қабул шудааст.
Ҷамшед Муртазозода гуфтааст, мутобиқи санадҳои мазкур, мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ - 63 нафар, мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ - 1 нафар, мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ - 117 нафар ва мансабҳои хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ) - 162 нафар, дар маҷмӯъ 343 нафарро дар бар мегирад.
“Тибқи тақсимоти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», барои нигоҳдошти Маҷлиси намояндагон 27 миллиону 188 ҳазору 840 сомонӣ ҷудо гардидааст”, - афзудааст Ҷамшед Муртазозода.
Ёдовар мешавем, ки хароҷоти Маҷлиси намояндагон дар соли 2023 дар муқоиса ба хароҷот дар соли гузашта, 6 миллион сомонӣ зиёдтар аст.
“Самбӯсаи косагӣ”. Дар куҷо ва бо чӣ қимат метавон пайдо кард?
Мавқеи Тоҷикистон дар “Шохиси шаффофияти буҷет”-и Шабакаи байналмилалии буҷетӣ беҳтар шудааст
“Ҳуҷҷату хона надорем, куҷо худро дар қайд гузорем?”. Боздошту ҷаримаи шахсони бесарпаноҳ дар Суғд
Султон Валиев - вакили пешини парлумону раиси Ховалингу Восеъ даргузашт
Владимир Путин гуфт, робита бо Толибон зарур аст
Матвиенко муовини сарвазири Тоҷикистонро ба Форуми авруосиёии занон ба Петербург даъват кард
Дар Душанбе намояндагии Хадамоти шиносномавӣ - раводидии ВКД Русия боз шуд. Ин ба муҳоҷирони кории тоҷик чӣ медиҳад?
Дар Тоҷикистон боз раъду барқу борони сел дар назар аст
Дар Тоҷикистон 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадиро ҷашн мегиранд
“Шеъраш тасвири зебои шоирона дорад”. Дар Душанбе шаби эҷодии Кӯҳзоди Фатҳулло баргузор шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста