Дирӯз, 8-уми июн, Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон ба Тоҷикистон омада, бо Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд мулоқот кардааст. Ҷонибҳо аз тақвияти ҳамкорӣ, истирдоди ҷинояткорон ва бозпас додани маҳкумшудагон ва вазъ дар Афғонистон гуфтугӯ кардаанд.
Ба иттилои хабаргузории эронии “ИРНА”, Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ бо даъвати Юсуф Раҳмон ба Тоҷикистон ташриф овардааст.
“Ин сафар дар чаҳорчӯби тавсеаи ҳамкориҳои додгоҳӣ, пайгирии ёддошти тафоҳум ва дар посух ба сафари Додситони кулли Тоҷикистон ба Эрон сурат гирифтааст”, - менависад “ИРНА”.
Бояд гуфт, ки Додситони кулли Тоҷикистон 7-уми феврали соли 2022 дар раъси ҳайати ҳамроҳ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафта, бо Додситони кулли ин кишвар мулоқот карда буд.
Дар ҳамин ҳол, Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дирӯз Юсуф Раҳмон бо Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ мулоқот карда, “масъалаҳои ҳамкории мақомоти ду кишвар дар самти муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон ва бозпас додани маҳкумшудагон”-ро баррасӣ кардаанд.
“Инчунин, бо назардошти вазъ дар Афғонистон ба роҳ мондани таҷрибаи пурсамари мубодилаи маълумоти фаврӣ дар самти муқовимати бевосита ба терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ муҳокима гардиданд”, - менависад Додситонии кулли Тоҷикистон.
Пас аз мулоқоту музокирот бо додситони кулли Тоҷикистон Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ ба шаҳри Хуҷанд сафар карда, бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот намуд.

“Зимни суҳбати самимӣ ҷонибҳо перомуни густариши робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд”, - омадааст дар хабари Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста