Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати шашум доир гардида, дар ҷараёни он оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод, оид ба таъсис додани шаҳраки нав дар маркази маъмурии шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ва Сарбанд номгузорӣ намудани он қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, Дар рафти муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, иқтисодиёту коммуникатсия, ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология маърӯза намуда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.
Зимни баррасии рӯзномаи иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои ҶТ-ро «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда», «Дар бораи Палатаи ҳисоби Тоҷикистон», «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва «Дар бораи таъмини ченаки ягона», ки дар шакли қонунҳои мукаммал қабул гардидаанд, мавриди муҳокима қарор дода, онҳоро ҷонибдорӣ намуданд.
Инчунин, аъзои Маҷлиси миллӣ атрофи як қатор қонунҳои ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла қонунҳои ҶТ «Оид ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ», «Оид ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ», «Оид ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини ҶТ», «Дар бораи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «Дар бораи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Дар бораи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва «Дар бораи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи нафт ва газ» мубодилаи афкор намуда, ба ҷонибдории онҳо овоз доданд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни иҷлосия пешниҳоди Президенти ҶТ дар хусуси аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон бозхонд намудани Раҳматулло Камолзода бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан қарори дахлдори Маҷлиси миллӣ қабул карда шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста