Як ҳайати ҳукумати Русия таҳти роҳбарии муовини сарвазири ин кишвар Марат Хуснуллин ба Тоҷикистон омад.
Дар доираи сафари мазкур вохӯрии ин ҳайат бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба нақша гирифта шудааст.
Дар дидору гуфтушунидҳо маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ин сафар вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистону Русия пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.
Ёдрас мекунем, ки дар бораи рӯзҳои 19-20 июн аз Тоҷикистон боздид намудани Марат Хуснуллин Қоҳир Расулзода зимни мулоқот бо сарвазири Русия Михаил Мишустин аввали моҳи июн хабар дода буд.
“Ба тавофуқ расидем, ки рӯзҳои 19-20 июн Марат Шакирзянович (Хуснуллин) ба Душанбе меояд, бори дигар бо ҳамаи ҳамтоёнамон тамоми масоили мавҷударо баррасӣ мекунем. Мутмаинам, ки муносибатҳои мо самти мусбат касб карда, ҳаҷми гардиши мол, ки қариб ҳамасода 20-30% зиёд мешавад, солҳои наздик ба таври назаррас хоҳад афзуд”, - гуфта буд сарвазири Тоҷикистон.
То ин дам дар бораи сафари муовинони сарвазири русия Марат Хуснуллин ва Алексей Оверчук зимни вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Русия ва Тоҷикистон Сергей Лавров ва Сироҷиддин Муҳриддин изҳори назар шуда буд.
Он замон Сергей Лавров зикр карда буд, ки ин сафар "як фурсати хубе хоҳад буд, то дар маҷмӯъ бубинем, ки барои ҳалли масоил боз чӣ кор кардан лозим аст".
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста