Имрӯз, 30-юми июн, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо фармони худ панҷ додраси тоҷикро бо сабабҳои расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан ва ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод кард.
Ҳамин тавр, Гиёзода Мирзоисмон Қурбон аз вазифаи раиси суди шаҳри Душанбе, Абдуллозода Музафар Ҷафар аз вазифаи раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Ашурмамедова Маърифат Гулбековна аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шуданд.
Оқилзода Бахтиёр Даврон бошад аз вазифаи раиси суди вилояти Суғд ва Ҷурахонзода Масрур Ҷурахон аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Ҳисор бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуданд.
Дар хусуси кори дигари Бахтиёр Оқилзода ва Масрур Ҷурахонзода маълумот дода намешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста