Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17 август ба маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварда, бо ҳузури дар ин ҷо як қатор иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвраи давлат хабар медиҳад, сокинони меҳмоннавози шаҳри Хоруғ сарвари давлатро дар фурудгоҳи “Боми ҷаҳон” ба таври хос гарму самимӣ ва бо шодию фараҳ истиқбол гирифтанд.
Дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ иштирок кард.
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Беморхона ва дармонгоҳи Раёсати ВКД дар ВМКБ-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои хизматрасонии он шинос гардид.
Беморхонаи мазкур дорои 36 ҳуҷра буда, дар он барои муоинаву муолиҷаи беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, 11 ҳуҷраи он бо 21 кати хоб ва бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Сипас бо иштироки президент ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ “Сандал” ҳусни оғоз бахшида шуд.
Корхона аз тарафи соҳибкори ҷавон Аъзамҷон Аҳруллоев сохта шуда, корҳои бунёдӣ ва васлу насби техникаю таҷҳизоти кории иншооти мазкур соли 2022 шуруъ гардида, он дар маркази шаҳри Хоруғ дар масоҳати 576 метри мураббаъ доман густурдааст.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлӣ иштирок кард. Дар ин корхона 30 нафар сокини шаҳри Хоруғ бо ҷойи кор ва маоши аз 2,5 то 3 ҳазор сомонӣ таъмин шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти сарвраи давлат.
Ғайр аз ин, дар шаҳри Хоруғ бо иштироки сарвари давлат коргоҳи истеҳсоли мебел мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бо бунёди коргоҳи нав 10 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд ва маоши миёнаи кормандон вобаста ба ҳаҷми кор аз 1500 то 3000 сомониро ташкил медиҳад.
Иқтидори солонаи коргоҳ истеҳсоли зиёда аз 4 ҳазор мебели хушсифат буда, барои истеҳсоли мебел ашёи хом аз Туркия ва Русия ворид мегардад.
Дар идома сарвари давлат бо 100 нафар кӯдакону наврасони ятиму дорои имконияташон маҳдуди ҷисмонӣ аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ мулоқот карда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим кард.
Дар хиёбони марказии шаҳри Хоруғ ба номи Шириншо Шотемур сарвари давлат дар маросими ба истифода додани бинои истиқоматии 12-ошёна иштирок кард. Хишти нахустин барои сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ соли 2016-ум аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд.
Гуфта мешавад, иншоот аз ду бинои асосии 12-ошёна ва аз 66 манзили ду ҳуҷрагӣ ва 22 хонаи якҳуҷрагӣ иборат мебошад.
Дар баробари оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамчунин 12 оилаи зарардидаи шаҳри Хоруғ, ки хонаҳои истиқоматиашон дар фасли зимистон дар натиҷаи тармафароӣ пурра хароб гардида буд, соҳиби хонаҳои наву замонавӣ шуданд.
Дар маҳаллаи Хоруғи Боло президенти мамлакат бинои дуюми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро ифтитоҳ намуд. Тибқи лоиҳа, муассисаи таълимӣ аз се бино иборат буда, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бинои якуми мактаб 21 августи соли 2020 аз ҷониби президент ифтитоҳ ёфта буд.
Дар маҷмуъ, ду бинои ин мактаби муосир дорои 32 синфхона ва 13 ҳуҷраи гуногун барои омӯзиши ҳунарҳо ва компютер буда, дар он 29 омӯзгор ба таълиму тарбияи 345 хонанда машғул мебошанд.
Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста