Имрӯз, 28-уми ноябр, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо губернатори вилояти Свердловски Русия Евгений Кувайшев дар шаҳри Душанбе мулоқот анҷом дод ва ду ҷониб хостори тавсеаи пайвастаи муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат, аз ҷумла ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо шудаанд.
Тавре хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон менависад, сарвари давлат дар ин замина гуфтааст, ки имрӯз беш аз 80 субъекти Русия бо Тоҷикистон робитаи мустақим доранд.
“Дар байни онҳо вилояти Свердловск ҷои муҳимро ишғол менамояд ва ҷониби Тоҷикистон омода аст пешниҳодҳои Губернатори вилояти Свердловскро оид ба ҳамкории мутақобилан судманд дар тамоми бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намояд”, - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон инчунин, муҳиммияти густариши ҳамкории сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолиро дар бахшҳои гуногуни саноатӣ, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, мошинсозӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон таъкид кардааст.
Сарвари давлат мавзӯи муҳими рӯзномаи Тоҷикистон ва Русия – фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони мо дар Русияро низ мавриди гуфтӯгу қарор додааст.
Соҳаҳои энергетика, дорусозӣ ва сайёҳӣ низ самтҳои дурнамодори ҳамкорӣ маънидод карда шудаанд.
Дар фарҷоми мулоқот Президенти Тоҷикистон махсус таъкид доштааст, ки барои рушди рӯзафзуни ҳамёрии ҷонибҳо тақрибан дар тамоми соҳаҳо заминаи ҷиддӣ мавҷуд аст ва ҷонибҳоро зарур аст, ки минбаъд низ барои ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ саъю кӯшиши муштарак ба харҷ диҳанд.
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста