Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон як додрасро бинобар содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад, аз вазифа озод кард. Инчунин, 3 додраси дигар бинобар пурра шудани вақти дар вазифа буданашон аз кор озод гардиданд.

Дар ин робита имрӯз фармони президент содир шуд.

“Зайдуллозода Саидаҳмад Миршариф аз вазифаи судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шавад”, - омадааст дар фармони Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи манбаъ, инчунин Табарзода Изатулло аз вазифаи муовини додраси Додгоҳи вилояти Хатлон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи додрас будан аз кор озод карда шуд.

Илова бар ин, Юсуфзода Муҳаммадалӣ  ва Абдулғанизода Абдумонеъ, ду додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе бо сабаби дар боло зикршуда, аз вазифа озод шуданд.

То ҳол ба ҷои додрасҳои аз вазифа озодшуда, нафарони нав таъйин нашудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.