Барои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар соли 2024 27 млн 401 ҳазору 380 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки назар ба соли гузашта 212 ҳазору 540 сомонӣ бештар аст. Дар ин бора Ҷамшед Муртазозода, раиси Кумитаи назорати дастур ва ташкили кори парлумони Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба фарқ аз солҳои пешин, маблағи хароҷоти Маҷлиси намояндагон имсол дар ҷаласаи парлумон ифшо нашуд. Вакилони палатаи поёнии парлумон, рӯзи 22-юми декабри соли 2023 “сметаи ягонаи даромад ва хароҷот” барои соли 2024-ро тасдиқ карданд, вале буҷаи умумии онро нагуфтанд.
Ҷамшед Муртазозода имрӯз, 4-уми январ, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, 27,4 млн сомонӣ барои 343 нафар вакилону кормандони парлумон сарф мешавад:
63 нафар мансаби давлатии ҳокимияти давлатӣ (вакилон);
1 нафар мансаби давлатии хизмати давлатӣ;
117 нафар мансаби маъмурии хизмати давлатӣ;
162 нафар мансаби хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ).
Бояд гуфт, ки барои фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар соли 2023 27 миллиону 188 ҳазору 840 сомонӣ ҷудо гардид. Он ҳам барои хароҷоти 343 нафар пешбинӣ шуда буд. Ин маблағ дар муқоиса бо буҷети соли 2022-и Маҷлиси намояндагон 6 млн сомонӣ бештар аст.

Парлумони Тоҷикистон ё Маҷлиси Олӣ аз ду палата - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Соли равон барои фаъолияти Маҷлиси миллӣ, палатаи болои парлумони Тоҷикистон 5 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.
Ба навиштаи “Садои мардум”, нашрияи расмии парлумони кишвар, аз 5 миллион сомонӣ:
- 2,3 миллион барои музди меҳнат ва андозҳо;
- 2,2 миллион барои хароҷоти мол ва хизматрасониҳо;
- 0,3 миллион барои кумакпулиҳои иҷтимоӣ;
- 0,2 миллион сомонӣ барои харидории мошин ва таҷҳизот пешбинӣ шудааст.
Ба фарқ аз Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон доимамалкунанда аст ва вакилони он аз давлат маош мегиранд. Ҳаҷми маоши онҳо маълум нест. Ба ғайр аз маош, барои вакилон хона ва мошини хизматӣ ҳам дода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста