Чанде аз муовинони директори Оҷонсии зиддифасод, Саридораи сирри давлатӣ ва Оҷонсии хидмати давлатӣ дар Тоҷикистон озод ва ба ҷои онҳо нафарони дигар таъин шуданд. Тақрибан ҳамаи шахсони озодшуда ҳам вазифа гирифтаанд.
Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ду муовини директори Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон, аз ҷумла, Суҳроб Сафарзода, муовини якум ва Музаффар Аҳмадзода, муовини дигар аз вазифа озод шудаанд.
Сабаби барканории онҳо “гузаштан ба кори дигар” гуфта мешавад. Вале то ҳол ба кадом мансаб таъин гардидани онҳо маълум нест.
Сафарзода аз соли 2018 ба ҳайси муовин ва шуруъ аз соли 2021 ба ҳайси муовини аввал кор мекард. Аҳмадзода бошад дар солҳои 2020-2021 муовини аввали раиси Оҷонсӣ буд, вале аз моҳи июли соли 2021 дар мақоми муовин кор мекард.
Бо фармони дигари президент, Барот Расулӣ, ки то ин дам роҳбари яке аз Раёсатҳои Оҷонсӣ буд, муовини аввал ва Фирӯз Камолзода, ки ӯ ҳам дар ин ниҳод вазифаи сардори раёсати кадрҳоро ба уҳда дошт, муовини дигари раиси ин ниҳод таъин шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон сардорони раёсатҳои Оҷонсии зиддифасод дар ВМКБ, шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Кӯлоб ва сардорони баъзе аз раёсатҳои дастгоҳи марказии Оҷонсӣ аз вазифа озод ва ба ҷои онҳо кадрҳои нав таъин гардидаанд.

Ин тағйирот дар ҳолест, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон президент фаъолияти сохторҳои қудратии вилояти Хатлонро интиқод карда, супориш дода буд, ки роҳбарони аввали ниҳодҳои қудратӣ, аз ҷумла Оҷонсии зиддифасод дар Хатлон ва баъзе кормандони дасттгоҳи марказӣ аз вазифа озод карда шаванд.
Ин аст, ки ду ҳафтаи охир бархе муовинони роҳбарони мақомоти қудратӣ ва сардрони ин ниҳодҳо дар вилояти Хатлон аз вазифа озод ва ба ҷои онҳо нафарони дигар таъин мешаванд.
Хадамоти матбуот роҳбари давлат хабар медиҳад, ки имрӯз, 7-уми феврал, бо фармонҳои дигар муовинони сардори Саридораи сири давлатӣ ҳам нав шудаанд.
Муҳаммад Сафарзода, ҳамакнун собиқ муовини аввали ин ниҳод ба нафақа гусел шуда, ба ҷои ӯ Фирӯз Шарифзода таъин гардидааст.
Дилноза Аҳмадзода, ки то ин дам муовини сардори Оҷонсии хидмати давлатӣ буд, аз вазифа озод ва муовини дигари сардори Саиридораи сири давлатӣ таъин шудааст.
Ба ҷои Дилноза Аҳмадзода, Ҳилолбӣ Қурбонзода, ки чанд рӯз пештар аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон озод гардида буд, муовини раиси Оҷонсии хидмати давлатӣ таъин шудааст.
Зидди ҳама. “Ҷанги тиҷоратӣ”-и Доналд Трамп ба минтақа ва Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Аз бинои нави ҲХДТ то корхонаи заргарӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе кадом иншоотро боз кард?
Суғду баъзе навоҳии тобеи марказ монд. Душанбе ҳам аз иҷрои 100 дарсади нақшаи даъват хабар дод
“12 мушак ба сӯи абрҳои жолазо партоб шуд”. КҲФ паёмади боронҳои шадиди ду рӯзи гузаштаро гуфт ва ба сокинон ҳушдор дод
Шабакаҳои тақсимоти барқ: Маҳдудияти интиқоли барқ давоми ду рӯзи оянда бекор мешавад
Як сол пеш Сулаймони хурдсол сӯзандоруи Zolgensma гирифт. Ҳоло ӯ чӣ ҳол дорад?
Трамп: “Амалиёт алайҳи Эронро Исроил роҳбарӣ хоҳад кард”. Пизишкиён: “Думболи бомби ҳастаӣ нестем, аммо иззат мехоҳем”
Ҳизби ҳоким соҳиби бинои нав шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 1
“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста