Илҷомҷон Атоев, муовини Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва чанде аз муовинони раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Комисияи олии атестатсионӣ ё ВАК ва Маркази тадқиқоти стратегии (МТС) аз вазифа озод шудаанд.
Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳамаи онҳо “бо сабаби гузаштан ба кори дигар” аз мансаб озод шудаанд.
Аз ҷумла,
- Ҷалолиддин Пириев аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон;
- Дилшод Иброҳимзода аз вазифаи муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди президент;
- Парвиз Муҳаммадзода аз вазифаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президент
аз вазифа озод шудаанд.
Бо фармони дигари Мумин Шарифзода, ки ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буд, муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди президент таъин шудааст.
Маълум нест, ки ба ҷои муовинони озодшуда киҳо таъин шудаанд.
Ҳамчунин, додраси Додгоҳи ноҳияи Балҷувон Фирӯз Қодирӣ “бо хоҳиши худаш” аз вазифа озод карда шудааст.
Хадамоти президент хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон сардорони раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро аз вазифа озод ва баҷ ои онҳо “кадрҳоеро, ки аз ҳисоби ҷавонон...” таъин кардааст.
Ӯ ҳамчунин, онҳоро ба ҳузур пазируфта, “ҷиҳати такмили сатҳи забондонӣ, иҷрои вазифаҳои хизматӣ, таъмини амнияту субот ва волоияти қонун дар мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас” додааст.
Исми онҳое ки сардорои раёсати КДАМ таъин гардиданд, ифшо намешавад.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон аз фаъолияти мақомоти қудратии вилояти Хатлон сахт интиқод карда, гуфта буд, ки роҳбарони мақомоти қудратӣ,аз ҷумла мақомоти амнияти миллӣ дар вилоят ва чанде аз роҳбарони раёстаҳои онҳо дар дастгоҳи марказӣ аз вазифа озод шаванд.
Баъди ин мавҷи аз мансаб озод кардани роҳбарони мақомоти қудратии вилоят ва чанде аз роҳбарони дастгоҳи марказии ин ниҳодҳо озод шуда, ба ҷои онҳо нафарони дигар таъин шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста