Рӯзи 5 март президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбии муҳлати хизматро адокарда ва даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ фармон ба имзо расонид.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2024 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои дохилии ВКД, Қӯшунҳои мудофиаи граждании КҲФ, бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, баталйони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсус ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.

Моҳҳои апрел-майи соли 2024 шаҳрвандони ҷинси марди соли таваллудашон 1997-2006-и то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сохтору воҳидҳои зикршуда даъват карда мешаванд.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияи даъватии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби интихоби дақиқи даъватшавандагон ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо амалӣ менамоянд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шудааст, ки барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.

Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи телевизион ва радио вазифадор мешаванд, ки омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрвандиҷумҳурӣ тарғиб намоянд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи қоидаҳои нав шаҳрвандони синни даъват бо пардохти маблағ метавонанд як моҳ хизмат карда, шаҳодатномаи ҳарбӣ гиранд. Айни замон маблағи ин навъи хизмат 750 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда - 72 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.