Дар Тоҷикистон аксари мансабдорон “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод мешаванд ва теъдоде аз онҳо пас аз муддате ба вазифаи нав таъин мегарданд, вале на ҳама. Онҳое, ки ба вазифаи нав таъин намегарданд, моҳҳову солҳо ва баъзан барои ҳамеша интизори фармони нав мемонанд.

Миёни “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озодшудагон нафароне ҳам ҳастанд, ки теъдоде аз коршиносон аз онҳо умеди зиёд доштанд ва мегуфтанд, зарфиятҳои онҳо бештар аст ва барои ҳукумат “бегона нестанд”. Аммо гузашти вақт собит кард, ки на ҳама тахминҳои коршиносон бозгӯи воқеият будааст. Онҳое ҳам ки “донишу зарфияти зиёд доштанд” ва ҳам онҳое, ки “барои ҳукумат одами худӣ” буданд, бо як мижа задан аз вазифа озод шудаву то ҳол бе кори расмӣ гаштаанд ва маълум нест, ки фармони нав нисбати онҳо кай содир мешавад.

Дар ин матлаб мо талош кардем шинохтатарин чеҳраҳоеро номбар кунем, ки аз вазифа “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” озод шуда, ҳоло ба кори дигар таъин нашудаанд ва дар куҷо будани онҳо барои ҷомеа норӯшан аст.

Ширин Амонзода

Аз ҷумла, вақте Ширин Амонзода аз курсии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ озод ва ба курсии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъин гардид, баъзе аз коршиносон ба дониши дар хориҷа андӯхта ва забондонии ӯ ишора мекарданд. Ва вақте аксҳоеро аз сари қабри падар ва ҷараёни сафар ба мардикорбозори занон дар шаҳри Бохтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, ҷомеа дар симои ӯ “мансабдори мардумӣ”-ро меҷуст.

Бештар аз ду соле, ки дар маснади вазири меҳнату муҳоҷират  кор кард, тағйироти ҷиддие дар ин самт рух надод. Мушкили муҳоҷирон мисли пешин боқӣ монд ва бекорӣ дар кишвар ҳам ба таври назаррас кам нашуд.

Аммо ин монеи интизории бештар аз ӯ нашуд. Вақте пас аз 2 солу 2 моҳи вазирӣ, 5 уми феврали соли 2023, “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод шуд, баъзе таҳлилгарон интизор буданд, ки ӯро шояд муовини сарвазир таъин кунанд. Аммо бо гузашти чанд рӯз, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навишт, ки “Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат гуфтааст, Амонзода дар вазорат “сиёсати нодурусти кадрӣ”-ро ба роҳ монд ва аз кор ронда шуд”.

Ширин Амонзода
Акс аз саҳифаи фейсбук

Худи Ширин Амонзода дар суҳбат ба “Азия-Плюс” сабаби аз вазифа сабукдӯш шуданашро шарҳ надод ва танҳо гуфт, “бо кори илмӣ машғул мешавам”. Баъдтар аз сафарҳояш бо хориҷа низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд акс гузошт. Бо гузашти бештар аз як сол аз барканорӣ, тибқи маълумоти бадастовардаи мо, ӯ бо созмонҳои байналмилалии вобаста ба меҳнату муҳоҷират ҳамкорӣ дорад. Аммо расман ба вазифаи давлатӣ таъин нашудааст.

Ӯ 46 сол дорад, оиладор аст ва номзади илм мебошад.

Ҷамолиддин Нуралиев

Ҷамолиддин Нуралиев, домоди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шавҳари Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ҳам “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод шудааст. Нуралиев 7 сол дар ин симмат кор карда, пеш аз ин чандин сол дар вазифаи муовин ва муовини аввали вазири молия ҳам фаъолият намудааст. Ҳарчанд ӯ дар ҳеҷ як ниҳоди давлатӣ ба ҳайси роҳбари аввал кор накардааст, коршиносон аз ӯ чун шахси муҳими таъсиргузор ба бахши молияву бонкдорӣ ва дар умум, сиёсати иқтисодии Тоҷикистон ном мебурданд.

Ӯ 46-сола, таҳсилкардаи Амрико аст ва шахси “ғарбгаро” дониста мешавад. Дар ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ, мисли Бонки ҷаҳонӣ кор кардааст ва яке аз масъулиятҳои муҳими ӯ пешбурди гуфтушуниди Тоҷикистон бо Сандуқи Байнулмилалии Пул (СБП) ва пайдо кардани маблағгузорӣ барои идомаи бунёди НОБ Роғун дониста мешуд. Ҳарчанд дар гуфтушунид бо СБП натиҷаи дилхоҳи ҳукумат, яъне ҷалби бештари сармоя ҳосил нашуд, аммо барои сармоягузории НБО Роғун тавонист корҳоеро анҷом диҳад. Аз ҷумла, фурӯши “евробондҳо” ба маблағи ним миллиард долларро Бонки миллии Тоҷикистон ва коршиносон муваффақияте медонанд, ки саҳми Нуралиев дар он муассир аст, ҳарчанд баҳраи 7 дарсадаи онро зиёд меҳисобанд.

Ҷамолиддин Наралиев
Акс аз сомонаи БМТ

Ҳанӯз дар замони кор дар Бонки миллӣ, тахминҳое зада мешуд, ки шояд Нуралиев ба вазифаи роҳбари Кумитаи андоз таъин гардад ва ислоҳоти ин соҳаро амалӣ намояд.

Пас аз барканорӣ аз Бонки миллӣ, ин тахмин ҳам садо дода буд, ки шояд ӯ ба вазифаи муовини аввали сарвазир таъин гардад, аммо бо гузашти қариб ду сол, ба ҳеҷ вазифаи давлатӣ таъин нашуд.

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ, сабаби барканории Нуралиевро “ба як моҷарои дохилӣ дар оила” рабт дода, навиштааст, ки “мансаби нав гирифтани Нуралиев ба шеваи ҳалли ин баҳс бастагӣ хоҳад дошт”. Ба навиштаи ин расона, ин моҷаро ба мухолифати ӯ ба якҷо кардани Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук рабт дорад.

Аммо худи Нуралиев пас аз барканорӣ бо ҳеҷ расонае суҳбат накардааст ва оид ба нақшаҳои худ ҳарфе назадааст. Маълум нест, ки айни ҳол ӯ дар куҷост ва бо чӣ кор машғул аст.

Зулфия Давлатзода

Вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон ҳам се моҳ пеш “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод шуд, аммо ба ҳеҷ вазифаи дигари давлатӣ таъин нашуд.

Фаъолияти ӯ дар ин курсӣ аз ҳамтоёни пешинаш тафовути зиёд надошт. Ӯ ҳам натавонист пеши роҳи ҷалби донишҷӯёну кормандони ниҳодҳои давлатиро ба раҳпаймоиҳои оммавӣ ва иҷборӣ гирад, ҳарчанд чунин ваъда дода буд.

Зулфия Давлатзода
Asia-Plus

Аммо ба либос ва рақси рақси мардон таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард. Рақси мардонро тавсиф намуд. Дар бораи таҳияи либоси тавсиявӣ барои мардон гуфта буд, ки “баъди омода шудан, иттилоъ медиҳем”.

Вале либоси тавсиявӣ барои мардон таҳия нашуда, ӯ моҳи январи соли ҷорӣ аз вазифа озод гардид. Ӯ 50 сол дорад ва то ҳол ба мансабе таъин нашудааст.

Шоҳин Саидзода

Шоҳин Саидзода писари Нуриддин Саид, вазири пешини маориф ва раиси кунунии Кумитаи радио ва телевизион аст, ки беш аз ду сол аст, интизори фармони ба вазифа таъин кардан аст.

Ӯ феврали соли 2022 “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм озод гардид. Пештар аз озод шудан, дар расонаҳо оид ба ошкор шудани тасарруфи 1,8 млн. сомонии давлат дар Агентии  назорат дар соҳаи маориф ва ифтитоҳи парванда алайҳи Шоҳин Саидзода хабар паҳн гардид.

Шоҳин Саидзода
Акс аз Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Он замон Агентии зиддифасоди Тоҷикистон дар посух ба дархости “Азия-Плюс” тасарруфи 1,8 млн. сомонӣ маблағи давлатро дар Агентии назорат дар соҳаи маориф тасдиқ карда, гуфт, ки “нисбати шахсони масъули Агентӣ барои азхудкунии маблағҳои махсусан калон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст”, аммо бо баҳонаи “нораво будани фош кардани дигар маълумоти тафтиши пешакӣ” аз ироаи бештари маълумот оид ба тақдири Шоҳин Саидзода худдорӣ кард.

Шоҳин Саидзода 40 сол дорад ва ҳоло маълум нест, ки бо чӣ кор машғул аст.

Муҳаммадюсуф Имомзода

Муҳаммадюсуф Имомзода, ҳудуди 2 сол вазири маориф ва илми Тоҷикистон буд. Дар замони вазирии ӯ муҳимтарин масоиле, ки доғ шуданд ва ӯ андешаашро дар робита ба онҳо иброз дошта буд, ин мушкили таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон, ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шудани магистрантҳо ва ҷалби донишҷӯён ба раҳпаймоии оммавӣ буд.

Имомзода ваъда дода буд, ки ба донишҷӯёни тоҷики дар Қирғизистон таҳсилдошта ва барои муддате ба ватан баргаштаву дармонда кӯмак мекунад, аммо он донишҷӯён шикоят карданд, ки ба мушкилашон расидагӣ нашуд. Дар бораи ҷалби донишҷӯён ба раҳпаймоӣ бо шеваи тунд гуфт, ки “аз як чизи хасакӣ проблема насозед”. Аз даъвати магистрантҳо ба хидмати ҳарбӣ ҳам ҷилавгирӣ карда натавонист.

21 декабри соли 2021 раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш аз низоми таҳсил дар кишвар ва сатҳи забономӯзӣ дар донишгоҳу мактабҳои кишвар интиқоди шадид кард. Чанд рӯз баъд Имомзода камбудиҳои зикршударо эътироф карду, гуфт, “барои ислоҳи вазъ иқдомҳоеро рӯйи даст гирифтаанд”, аммо зоҳиран ин ҳам барои идомаи такяи ӯ ба курсии вазири маориф кумак накард ва расо 2 моҳ пас ӯ ҳам “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод гардид. Аммо ба ҳеҷ вазифаи дигар таъин нашуд. Ӯ он замон 63-сола буд ва ба эҳтимоли зиёд, дигар ба вазифае таъин нахоҳад шуд. Шояд ба нафақа баромадааст.

Муҳаммадюсуф Имомзода

Ва дигарон...

Ҳамчунин, чандин нафари дигар ҳам ҳастанд, ки “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” айни ҳол ҳеҷ вазифаеро дар ниҳодҳои давлатӣ ишғол намекунанд. Дар ин қатор метавон аз Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси собиқи Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Нӯъмонҷон Ғаффорӣ, ректори собиқи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ном гирифт.

Қаблан, “Азия-Плюс” дар бораи 5 мансабдори тоҷик, ки онҳо низ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа рафтаву муддате нопадид шуда буданд, матлаб нашр карда буд.

Пас аз нашри он матлаб, танҳо як нафар – Имомуддин Сатторӣ, ки аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Русия озод шудаву бекор буд, дар Олмон сафир таъин гардид ва то ҳол дар ин вазифа фаъолият дорад.

Дигарон, мисли мансабдороне, ки дар матлаби кунунӣ номашон зикр шуд, дар интизори фармони таъин шудан ба вазифае ҳастанд.

Саволи муҳим ин аст, ки чаро бо гузашти вақти зиёд онҳо ба вазифаи дигар таъин нашуданд? Саволе, ки посухи онро ғайр аз раиси ҷумҳур ва ёрдамчии ӯ оид ба масоили кадр, дигар касе надорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.