Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба сохторҳои масъули пойтахт супориш додааст, ки ба зимистонгузаронӣ омода шаванд ва аҳолиро дар фасли сармо бо гармӣ ва барқ таъмин кунанд. 

 

Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ

Ӯ рӯзи 2-юми октябр дар иҷлосияи нуздаҳуми маҷлиси вакилони халқи пойтахт ба муовинонаш, раисони ноҳияҳо дастур додааст, ки бинову иншоотро барои қабули гармӣ ва нерӯи барқ омода кунанд.

“...аз қабили, омода будани бинову иншоотҳо барои қабули энергияи гармӣ, дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани дегхонаҳо ва зеристгоҳҳои барқӣ, ба миқдори зарурӣ захира намудани равғанҳои молиданӣ, сўзишворӣ, маводҳои зидди лағжиш ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани техникаҳои коммуналӣ  дастурҳо доданд”, - навиштааст дафтари матбуотии шаҳрдорӣ.

Бояд гуфт, ки дар зимистони соли гузашта сокинони Душанбе бо мушкилоти ҷиддӣ, аз ҷумла набудани гармӣ, қатъ гардидани интиқоли нерӯи барқ ва норасоии оби ошомиданӣ рӯбарӯ шуданд. Ин мушкилиҳо бо норасоии захираҳои газ ва мазут, инчунин сарбории шабакаҳои барқӣ вобаста буд.

Мушкилоти зимистони гузашта дар пойтахт дар як тасвир
Коллаж "Азия-Плюс"

Аз ҷумла, рӯзи 1-уми марти соли 2024, дар нахустин рӯзи фасли баҳор қариб дар тамоми Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Душанбе интиқоли қувваи барқ якбора қатъ шуда буд. Мутахассисон ин ҳолатро ба омода набудани масъулини дахлдори кишвар ба зимистонгузаронӣ унвон карда буданд. Ҳарчанд ҳамасола пеш аз оғози зимистон президент ба масъулин барои зимистонгузаронӣ супоришҳо медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, 22-юми сентябр ширкати “Барқи тоҷик” гуфт, дар кишвар “лимит”-и барқ ҷорӣ мешавад ва сабаби он зимистони сард ва кам ҷорӣ шудани об ба дарёҳо аст.

Тавре ки қаблан хабар дода шуда буд, мувофиқи маълумоти ширкатҳои энергетикӣ, чоряки нерӯи барқ ҳангоми истеҳсол, интиқол ва тақсимот талаф меёбад. Талафоти техникӣ дар нерӯгоҳҳои обӣ ва гармӣ ҳамагӣ 0,49%-и ҳаҷми умумии истеҳсолро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки талафот дар хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳо 3,47%-ро ташкил медиҳад.

Зимнан, шаҳрдор аз масъулин даъват кардааст, ки ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи барқ ва пешгирии истифодаи ғайриқонунии он чораҳо андешанд. 

 

Рақамикунонӣ ва омода кардани кадрҳо

Раиси шаҳр инчунин ба зарурати омода кардани кадрҳо ва гузариш ба системаҳои рақамӣ ишора карда, таъкид намуд, ки барои кори самаранок шароити муносиб фароҳам оварда шавад.

Дар Тоҷикистон омилҳои ҷиддие ҳастанд, ки ба пешрафти рақамисозӣ монеа мешаванд. Ин инфрасохтори нокифоя ва дастрасии маҳдуд ба интернети баландсуръат аст. Ин аст, ки аллакай ду сол мешавад, ҳамаи пардохтҳо бояд ғайринақдӣ сурат гирад, вале сокинон нигаронӣ мекунанд, ки на ҳаму ташкилоту муассисаҳо барои пардохти ғайринақдӣ шароит фароҳам кардаанд.

Намояндагони муассисаҳои молиявии байналмилалӣ борҳо таъкид кардаанд, ки барои ба роҳ мондан ва рушди тиҷорати электронӣ таъмини интернети дастрас ва босифат зарур аст. Ин талаб мекунад, ки монополияи давлатӣ дар бозор бартараф карда шуда, сарбории андозӣ ба операторон ва провайдерҳо кам карда шавад.  
 

Барномаи давлатии сармоягузорӣ

Дар ҷаласа инчунин Барномаи давлатии сармоягузорӣ барои солҳои 2021-2025 баррасӣ гардид. Рустами Эмомалӣ даъват ба амал овард, ки ҳамкорӣ бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ тақвият дода шуда, барои татбиқи ин барнома бештар грантҳо ҷалб карда шаванд.

Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон 1,95 миллиард долларро ташкил дод, ки 45,9% зиёдтар аз ҳамин давраи соли гузашта аст. Ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ 153,9 миллион долларро ташкил дод. Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар кишвар 88 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 4,65 миллиард доллар амалӣ гардид.

Масъалаи инфрасохтори шаҳрдорӣ - аз қабили хатҳои муҳандисии обу корез ва барқу гармӣ, рушди харитасозӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ҳангоми истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ аз дигар масъалаҳои баррасишуда будаанд, ки барои беҳтарсозии он Рустами Эмомалӣ дастур додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.