Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ, шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмон ба вилояти Хатлон сафар кард.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмон дар чанде аз иншооти вилоят, аз ҷумла меҳмонхона, мактаб ва муассисаҳои фарҳангӣ шинос шуд. Ӯ муҳиммияти рушди босуръати минтақаҳо ва амалисозии лоиҳаҳоеро, ки ба беҳбуди иншооти зерсохтори минтақа нигаронида шудаанд, зикр кард.
Дар ноҳияи Данғара сарвазир аз ду маҷмааи меҳмонхонаҳо, ки яктоаш барои 264 нафар пешбинӣ гардида, соли 2026 сохтмонаш ба анҷом меравад ва дигар меҳмонхона бо 250 ҷой, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешавад, боздид кард.
Ҳамчунин дар деҳаи Туту муассисаи таълимӣ - мактаб бо 240 ҷойи нишаст ифтитоҳ шуд, ки бо дастгирии Бонки исломии рушд сохта шудааст. Арзиши сохтмони мактаб қариб 7 млн сомониро ташкил медиҳад.
Дар деҳаи Рахшонзамин сохтмони мактаб бо 2160 ҷойи нишаст идома дорад.
Қоҳир Расулзода ҳамчунин аз майдони сохтмони Театри миллӣ бо 1700 ҷойи нишаст, иншооти соҳаи тандурустӣ ва таълимоти томактабӣ боздид намуд.
Зимни муроҷиат ба сокинон сарвазир таъкид дошт, ки барои рушди босуръати иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда иштироки фаъолонаи ҳамаи сохторҳо ва соҳибкорон муҳим аст.
Сафари кории сарвазир ба вилояти Хатлон идома дорад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста