Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 12-уми октябри соли 2024 сафари кориашро ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз бахшид. Зимни сафар ба навоҳии Рӯшон, Роштқалъа, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ як қатор иншооти тозабунёдро ба истифода дод.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон 12-уми октябр аз ноҳияи Рӯшон оғоз гардид.  Президенти кишвар нахуст дар маркази ноҳияи Рӯшон майдони Нишони давлатиро, ки дар масоҳати 600 метри мураббаъ дар паҳлуи Парчами давлатӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуд. Майдони назди бино бо тахтасангҳо аз санги хоро ороста шуда, баландии сутунпояаш 20 метр аст.

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯшон сарвари давлат аз гармхонаи ҶДММ “Сабзавоти Кӯҳистон”, ки дар масоҳати 1,5 гектар замин сохта шудааст, боздид намуд. Интизор меравад, ки ҳамасола 65-120 тонна маҳсулот аз гармхона ба даст оварда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба фаъолияти Корхонаи ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” оғоз бахшид. Гуфта мешавад, корхона аз рӯи самти фаъолият дар ноҳия аввалин буда, иқтидори истеҳсоли 1200 тонна меваи хушк ва 500 ҳазор қуттии шартии консерваи меваю сабзавотро дар як сол дорост.

Президенти кишвар дар идома бо лоиҳаи ангоравии бинои панҷошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки дар маркази ноҳия дар масоҳати 0,22 гектар сохта мешавад, шинос шуд. Инчунин лоиҳаи парвариши гулмоҳӣ дар 12 гектар замини соҳили рӯди деҳаи Хуф муаррифӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Рӯшон бо 100 нафар ятимон ва маъюбони ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Шуғнон ва Рӯшон мулоқот намуда, ба онҳо либос, ширинӣ ва дигар туҳфаҳо тақдим кард.

Дар маркази ноҳияи Рӯшон раисҷумҳур бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои хуштарҳу муосири “Маркази инкишофи кӯдакони “Шайдо”-ро ифтитоҳ намуд.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон бинои нави «Кӯдакистони 2»-и деҳоти Барӯшони ноҳияи Рӯшонро тариқи маҷозӣ ифтитоҳ кард. Муассисаи томактабӣ 2-ошёна буда, барои 150 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, сарвари давлат дар ин ноҳия бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшонро ба истифода дод ва дар хотима бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯшон мулоқот анҷом дод. Гуфта шуд, то 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ 165 иншоот дар ноҳия ба нақша гирифта шуда, 115-тои он аллакай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

1/10

Дар идомаи сафари кории худ ба шаҳру навоҳии Вилоятии Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раиси ҷумҳур ба ноҳияи Роштқалъа ташриф овард. Нахуст дар маркази ноҳия бинои нави Ҷамоати деҳоти Роштқалъаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, баъдан дар Ҷамоати деҳоти Роштқалъа бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъаро ифтитоҳ кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-ро, ки аз 4 ошёна иборат буда, дар масоҳати 2134 метри мураббаъ барои 1280 хонанда бунёд шудааст, мавриди истифода қарор дод. Ҳамчунин дар мактаб 31 синфхонаи таълимӣ, маҷлисгоҳ бо 300 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, ошхона ва китобхона мавҷуд аст.

Дар идома сарвари давлат бо лоиҳаи бинои Қасри фарҳанг ва кӯдакистон дар маркази ноҳияи Роштқалъа шинос шуда, хатҳои интиқоли барқи баландшиддати Хоруғ - Қозидеҳ, Сурхсангов – Ванҷ ва пули мошингузари деҳаи Даштакро ба таври онлайнӣ мавриди истифода қарор дод ва бо лоиҳаҳои нави иншооти энергетикӣ, ки дар ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим ва Рушон амалӣ мегарданд, шинос шуд.

Бо мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия сафари кории Президенти кишвар дар ноҳияи Роштқалъа ба итмом расид.

1/3

Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13-уми октябр ба ноҳияи Ишкошим ташриф овард. Ӯ дар деҳаи Дашти ноҳияи Ишкошим бо ифтитоҳи корхонаи коркарди ангати Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Гулчеҳра-80” сафари худро дар ин ноҳия оғоз намуд.

Баъдан дар деҳаи Зугванди поёни деҳоти Зонг ба оилаҳои  аз офати табиӣ зарардида хонаҳои истиқоматии навбунёдро тақдим намуд. Гуфта мешавад,  ин биноҳо дар давоми бештар аз як моҳ бунёд гардид. Эмомалӣ Раҳмон бо оилаҳои аз офати табиӣ зарардида дар вазъияти тантанавӣ ба 13 оила калиди хонаҳои истиқоматиро супорид. Дар маҳаллаи навбунёд дар масоҳати 8 садяк замин майдончаи варзишии наву замонавӣ сохта шудааст. Сарвари давлат ба масъулони соҳа супориш доданд, ки ба ҳар як оилаи маҳаллаи навбунёд 1 сар чорвои калони ҷӯшо, 10 сар моли майда ва сару либоси зимистона тақдим гардад.

Дар идомаи сафари корӣ дар ин ноҳия Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро  дар ноҳияи Ишкошим ва  бинои нави Раёсати молияро ифтитоҳ намуд. Бинои нави Раёсати молия аз ду ошёна иборат буда, бо маблағи 3,4 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

Президенти кишвар дар ноҳияи Ишкошим инчунин бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-ро мавриди истифода қарор доданд. Бинои нави муассиса барои 1240 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои 22 синфхонаи таълимӣ, 6 кабинети фаннӣ аст ва дар синфхонаҳо дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимӣ насб гардидаанд. Синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо 25 компютер ва тахтаи электронӣ таъмин аст.  

Дар бинои нав толори маҷлисӣ бо 150 ҷойи нишаст, ошхона бо 50 ҷой ва толори варзишӣ бо 100 ҷойи нишаст бунёд ёфтааст. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон ҷо ба таври маҷозӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №13-ро, ки дар деҳоти Птупи ноҳияи Ишкошим бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Гуфта мешавад, ки бинои ин муассиса дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳия барои 240 хонанда дар як баст сохта шуда, аз ду ошёна ва 14 синфхонаи таълимиву ҳуҷраҳои алоҳидаи корӣ иборат аст.

Дар идомаи сафари корӣ Президенти кишвар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ишкошимро ифтитоҳ кард. Маҷмааи калони варзишӣ бо майдони футбол ва дигар иншооти зарурии соҳа бо харҷи 20 миллион сомонӣ дар майдони 3 гектар бунёд гардида, дорои 4 ҳазор ҷойи нишаст мебошад.

Раисҷумҳур дар охири сафари кории худ ба ноҳияи Ишкошим бо фаъолони ин ноҳияи низ мулоқот анҷом дод.

1/6

Дар идомаи сафари кории худ Президенти кишвар ба маркази вилоят – шаҳри Хоруғ ташриф оварда, нахуст корхонаи коркарди санги Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помир Стоун», бо номи “Санги Бадахшон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Корхонаи мазкур бо харҷи 7 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ бунёд ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 10-ошёна ва бинои 15-ошёнаро дар хиёбони марказии Шириншоҳ Шоҳтемур  мавриди истифода қарор доданд.

Бинои истиқоматии 10-ошёна 154 хонаи истиқоматии барҳаво дошта, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 75 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. 56 хона ҳамчун туҳфа аз номи Сарвари давлат ба сокинони шаҳри Хоруғ ва 6 манзили зист ба омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Академик Моёншо Назаршоев тақдим карда шуданд.

Дар ошёнаи якуми бино Маркази тиҷоратии 24-соата фаъолият мекунад, ки дар ин ҷо барои истиқоматкунандагон маҳсулоти ниёзи рӯзгор пешниҳод карда мешавад.

Дар идома аз ҷониби Президенти кишвар дар шаҳри Хоруғ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Панҷ” ба истифода дода шуд. Дар ин корхонаи саноатӣ дар як рӯз то 2 тонна шир коркард ва 11 номгӯйи маҳсулот, аз қабили сметана, қаймоқ, творог, ёгурт ва кефир истеҳсол карда мешавад.

Зимни сафари кории раисҷумҳур ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Парки технологиро бо фарогирии якчанд корхонаҳои саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Парки технологии шаҳри Хоруғ дар масоҳати 1,6 гектар  бунёд гардида, дар он корхонаҳои коркард ва банду басти гӯшт, гиёҳҳои шифобахш, меваю сабзавоти хушк, коргоҳҳои хушкашуйӣ, истеҳсоли мебел мавҷуд аст.

1/8

Ҳамчунин, дар шаҳри Хоруғ бинои маъмурии кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар идомаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон суҳбат намуда, ба 150 нафар ятими кул, ки аз парасториву меҳрубонии волидайн маҳрум мондаанд, либоси мактабӣ, маводи конселярӣ, шириниҳо ва кӯмаки пулӣ тақдим намуданд.

Дар идома дар шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ барномаи бошукӯҳи консертӣ брагузор гардид.  Сарвари давлат дар он иштирок ва суханронӣ намуд.

14-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот анҷом дод. дар мулоқот ҳамчунин гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ 38 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ дар вилоят амалӣ гардида, ҳоло дар доираи боз 16 лоиҳа бо арзиши умумии 5,5 миллиард сомонӣ корҳо идома доранд. Таъкид шуд, ки лоиҳаҳои зикршуда дар самти маорифу тандурустӣ, нақлиёту энергетика, таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, барқтаъминкунӣ, обёрӣ ва кишоварзӣ, идораи хавфи офатҳои табиӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди маблағгузории хурд, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар самтҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.

Имрӯз, 14 октябр сафари кории Президенти кишвар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хотима ёфт ва ӯ ба Душанбе баргашт. Маросими гусели раисҷумҳур дар фурудгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бо иҷрои базми зебои бадахшӣ  сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санаҳои 12-14 бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дошт. Дар ҷараёни сафар як қатор иншооти таъиноти гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Гуфта мешавад, дар ҳошияи ин сафар наздик ба 100 иншоот ифтитоҳ ёфтааст, аз ҷумла дар соҳаи маориф 5 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 8 муассисаи томактабӣ.