Рӯзи 21 январ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тағйироти кадрӣ фармону қарорҳо ба имзо расонида, Рустам Мирзозодаро ба вазифаи раиси Додгоҳи олии ҷумҳурӣ пешниҳод намуд. Номзадии ӯ ба ҷойи Шермуҳаммад Шоҳиёни 63-сола, ки аз соли 2015 дар ин мансаб қарор дошт, пешбарӣ шуд. Рустам Мирзозода, ки қаблан ба ҳайси раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ифои вазифа мекард, акнун бо зарурати ҳаллу фасли мушкилоти доғу рӯзмарра дар низоми додгоҳии кишвар дучор хоҳад шуд.

Рустам Мирзозода кист?

Рустам Мирзозода 21 ноябри соли 1975 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2001 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, корро дар низоми додгоҳӣ аз соли 2000-ум оғоз намуд.

Аз он дам аз вазифаи ёвари додрас (судя)-и Додгоҳи конститутсионӣ то мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон расид.

Замни фаъолияташ дар вазифаҳои гуногуни низоми додгоҳӣ, аз ҷумла ба сифати раиси додгоҳҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ифои вазифа кардааст.

Соли 2022 ӯ Додгоҳи олии иқтисодии кишварро ба роҳбарӣ гирифта, то таъин шудан ба мансаби раиси Суди олӣ дар ин вазифа кор мекард.

Мушкилоти низоми додгоҳӣ замони раисии Шоҳиён

Таъин шудани Рустам Мирзода ба вазифаи раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар пасманзари интиқоди шадид аз ҷониби президент сурат гирифт.

Рӯзи 5 декабри соли 2014 зимни вохӯрӣ бо додрасҳо (судяҳо) Эмомалӣ Раҳмон аз кори  низоми додгоҳ изҳори нигаронӣ карда, аз додрасҳо барои сатҳи пасти кор ва мавҷуд будани ришвахорӣ дар ин низом интиқод кард.

Шермуҳаммад Шоҳиён
Сурат аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Президент таъкид дошт, ки аз соли 2020 то 10 моҳи соли 2024 ба дастгоҳи президент 4 ҳазору 332 муроҷиат нисбати додрасҳо ворид гардидааст. Ҳамчунин зикр шуд, ки миёни кормандони додгоҳҳо ҳолатҳои даст ба ришвахорӣ задан, баромадан аз ҳадди вкаолатҳои мансабӣ ва қабули қарорҳои ноодилона ба назар мерасанд.

Ғайр аз ин, шурӯъ аз соли 2014 нисбати 45 додрас, муовин ва раиси додгоҳ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидаааст, ки бори дигар зарурати ттағйироти ҷиддиро дар низоми додгоҳӣ тасдиқ мекунад.

Ба сурати умум, дар давраи роҳбарии Шермуҳаммади Шоҳиён низоми додгоҳии Тоҷикистон мавриди интиқоди шадид қарор гирифт.

Яке аз мушкилоти асосӣ тамоили айбдоркунӣ дар кори додгоҳҳо номида шуд. Дар зарфи 5 сол (солҳои 2019-2023) дар додгоҳҳои кишвар ҳамагӣ 28 ҳукми бегуноҳӣ (сафедкунанда) аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ содир шуд, ки 24-тоаш пурра бегуноҳ ва 4-тоаш қисман бегуноҳ эътироф шудан аст.

Норозигии шаҳрвандон аз мақомоти додгоҳ дар арзу шикояте, ки мунтазам ба дастгоҳи президент ворид мешуданд, ифода меёбад. Интиқод ба омодагии начандон кофии додрасҳо, инчунин ришвахорӣ дар муҳити додрасҳо, ки ба сифати адолати додгоҳӣ таъсири манфӣ мерасонад, дахл дошт.

Раиси нави Додгоҳи олӣ бояд кадом мушкилотро ҳал кунад?

Ба Рустам Мирзозода лозим меояд, ки як қатор вазифаҳоро ҳаллу фасл намояд. Аввалан, ба ӯ зарур аст, ки эътимоди шаҳрвандонро ба низоми додгоҳӣ барқарор кунад. Вазифаи дуюм дар муборизаи ҷиддӣ бо ришвахорӣ миёни додрасҳо ифода меёбад.

Ғайр аз ин, ӯ бояд рӯйи беҳтар сохтани сифати истеҳсолоти додгоҳӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти додрасҳо ва таъмини адолат дар қарорҳои додгоҳҳо кор кунад. Барои ин натанҳо баргузории ислоҳот, балки пайгирӣ кардани босифат иҷро шудани онҳо дар ҳамаи сатҳҳои ҳокимияти додгоҳӣ муҳим аст.

Боз мо умедворем, ки бо сари мансаб омадани ӯ, Додгоҳи олӣ (ва ҳамаи низоми додгоҳҳо низ) бештар кушодатар барои ВАО мешаванд. Айни замон ин яке аз пӯшидатарин ниҳод дар кишвар мебошад.

Сурат аз торнамои theworldnews.net

Масалан, мо умедворем, ки дар ниҳояти кор қонун (аз соли 2021) “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти додгоҳҳо”, ки мақомоти додгоҳро ба нашри маълумот дар бораи фаъолияти худ, аз ҷумла омор, қарорҳои додгоҳӣ ва ғайра уҳдадор мекунад, мавриди иҷро қарор мегирад.

Мувофиқи қонун, ин маълумот бояд дар муддати кӯтоҳ дастрас бошанд: қарори додгоҳҳо - фавран, ахбор - дар муддати 6 соати корӣ ва ахбори нав (ё навшуда) - дар муддати 3 рӯз.

Ҳадафи қонун беҳбуди шаффофияти низоми додгоҳ ва сабук кардани кори рӯзноманигорон буда, инчунин ба ҷонибҳои мурофиаҳои додгоҳӣ ҷиҳати пайгирии парвандаҳояшон ва саривақт дастрас кардани маълумоти муҳим имкон медиҳад.

То имрӯз ин қонун иҷро намешавад.

Вақт нишон хоҳад дод, ки раиси нави Додгоҳи олӣ то чӣ андоза аз уҳдаи иҷрои ин вазифаҳо мебарояд, лекин таҷрибаи пешинаи ӯ ба тағйироти мусбат умедворӣ мебахшад.

Шермуҳаммади Шоҳиён боз бо чӣ маъруф буд?

Бар иловаи фаъолият дар додгоҳ Шермуҳаммади Шоҳиён ҳамчунин ба шавқу рағбат нисбат ба навъи варзиши мардумӣ - бузкашӣ маъруф буд. Соли 2020 аспи Шоҳиён дар мусобиқаи бузкашӣ дар Панҷакент ғолиб омада, ба ҷойизаи асосӣ - мошин соҳиб шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.