Гурӯҳи иборат аз 10 кӯдак бо нуқсонҳои модарзодии дил пас аз муолиҷаи муваффақона дар Беморхонаи сеюми халқии Ноҳияи мухтори Синтсзян-Уйғур (НМСУ) дар шимолу ғарби Чин ба ватан баргаштанд. Дар ин бора ба хабаргузории «Азия-Плюс» аз сафорати Чин дар Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Муолиҷа дар доираи барномаи муштараки ҳамкориҳои тиббии Тоҷикистон ва Чин, ки ба кумаки кӯдакони дорои осебҳои дил равона шудааст, имконпазир гардид.
Шаш нафари онҳо муваффақона ҷарроҳӣ шуда, 4 нафари дигар бинобар эҳтиёҷ надоштан ба ҷарроҳӣ табобат гирифтаанд. Миёни беморон Заҳрои Нурилобеки 4-сола низ буд.
«Мо хушбахтем, ки барои табобат ба Чин омадем. Аз табибон барои касбият ва ғамхорӣ, ки ба духтарам ҳаёти нав бахшиданд, сипосгузорем», - гуфт модари ӯ.
Қобили зикр аст, ки кӯдакон рӯзи 10 январи соли 2025 барои табобат ба шаҳри Урумчӣ, маркази маъмурии НМСУ, сафар карданд. Ҷарроҳии аввал рӯзи 14 январ ба Зинуриддини Аслиддинзодаи 9-сола гузаронида шуд.
Пеш аз сафар дар фурудгоҳи Душанбе кӯдаконро сафири Чин дар Тоҷикистон Ҷи Шумин ва муовини вазири тандурустӣ Зулфия Абдусамадзода гусел карданд.
Ҷарроҳи тоҷик Абдусодиқ Абдуҷабборов низ дар ҷарроҳиҳо иштирок карда, таҷҳизоти беморхонаҳои Чинро хуб арзёбӣ намуд ва хоҳиши ҷорисозии усулҳои пешрафтаи табобатро дар Тоҷикистон изҳор кард.
Қарордодҳо оид ба ҳамкорӣ бо Беморхонаи сеюми халқии НМСУ моҳи июни соли 2024 ба имзо расида буданд. Дар доираи ин барнома, мутахассисони чинӣ дар Душанбе скрининг ва ташхиси тиббӣ гузаронида, 10 кӯдакро, ки ба муолиҷа ниёз доштанд, барои табобат интихоб карданд.