Нишастҳои матбуотии солона дар вазорату идора ва кумитаву оҷонсиҳои Тоҷикистон рӯзи 27-уми январ оғоз шуда, то 14-уми феврал давом меёбад. “Азия-Плюс” бо нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ, ки аз тарафи Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон имзо шудааст, шинос гардид.
Дар ин нишастҳо қарор аст роҳбарони ниҳодҳои Тоҷикистон ба хабарнигорон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти соли 2024 маълумот диҳанд.
Дар рӯзи аввал, яъне 27-уми январ, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдори ҳуқуи инсон ва Кумитаи хоҷагии манзилию комуналӣ нишастҳои матуботии худро баргузор мекунанд.
Бояд гуфт, нишастҳои матуботии мақомототи давлатии Тоҷикистон бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2005 баргузор мегарданд. Дар аввал масъулони вазорату идораҳо пас аз ҳар се моҳ бо рӯзноманигорон дидор анҷом медоданд. Аммо пас аз соли 2011 нишастҳои хабарӣ дар ним сол як бор сурат мегиранд.
Гуфта мешуд, ки он "бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ гузаронида мешавад".
Дар ҳамин ҳол, сол аз сол дастрасии иттилоъ аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон барои рӯзноманигорон мушкил мешавад. Масъулуни ниҳодҳо бо баҳонаи равон кардани мактуби расмӣ аз додани ҳар гуна иттилоъ худдорӣ мекунанд, ки ин хилофи қонун аст.
Ин аст, ки нишастҳои хабарӣ дар солҳои охир ягона имкони асосии мулоқоти рӯ ба рӯйи рӯзноманигорон бо нафарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ ва гирифтани иттилоъ аз онҳо гаштааст. Аммо бештари вақт хабарнигорони тоҷик аз шеваи баргузории нишастҳо ва посухи масъулини ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон қаноатманд немешаванд.
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Размикори ММА аз Тоҷикистон Артур Одилбеков дар ҷанги Русия дар Украина кушта шуд
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста