Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасониҳои давлатӣ боз мешавад, ки ба аҳолӣ ҷиҳати истифода аз портали ягонаи давлатии хизматрасониҳои давлатӣ - Hukumat.tj (Egov.tj) кумак хоҳад кард.
Тавре ки АМИТ “Ховар” бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди президенти ҶТ хабар медиҳад, дар назар аст, ки чунин марказҳои хизматрасонии давлатӣ давра ба давра дар шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ кушода шуда, номгӯи хизматрасониҳои давлатие, ки аз тариқи электронӣ пешниҳод мегарданд, зиёд шаванд.
Платформаи рақамии Hukumat.tj як қисмате аз барономаи ҳукумат дар самти рақамисозии идоракунии давлатӣ аст. Дар айни замон дар ин портал 56 сомонаи расмии мақомоти давлатӣ сохта шуда, бо 22 мақомоти давлатӣ шартномаи муштарак оид ба гузариш ба ин портал ба имзо расидааст.
“Асоси ташаккули ҳукумати электрониро дар Тоҷикистон баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи сифат ва дастрас будани хизматҳои иҷтимоие, ки ба шаҳрвандон ва ташкилот расонида мешаванд, инчунин сода гардонидани қоидаҳо ва кам кардани муҳлати расонидани хизматҳои иҷтимоӣ, кам кардани хароҷоти маъмурӣ, ки ба расонидани ин хизматҳо вобастагӣ доранд, дар бар мегиранд», - шарҳ додааст ин масъаларо сармутахассиси Раёсати танзими ҳукумати электронии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди президенти ҶТ Фарзона Бобозода.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо тасмим гирифта шудааст, ки дар аввал пешниҳоди хизматрасонии давлатие, ки бештар ба шаҳрвандон заруранд, аз тариқи портал ба роҳ монда шавад.
“Дар ин марҳила аз тариқи портал 11 хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ ба аҳолӣ пешниҳод карда шуд, аз ҷумла додани ваколатнома барои идора намудани воситаи нақлиёт, иҷозат барои истифодаи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, хулоса барои гирифтани тамғаҳои аксизӣ, маълумот оид ба доштан ва надоштани доғи судӣ, баҳисобгирии тӯйҳои домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, қаблан Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ дар шашмоҳаи соли 2024 нисбат ба 72 сомонаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва 57 сомонаи мақомоти марказии давлатӣ санҷиш гузаронида, дар натиҷа муайян карда шудааст, ки аксарияти сомонаҳо аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ба талабот ҷавобгӯ набуда, баъзе сомонаҳо фаъол нестанд.
Зикр мегардад, ки аз фаъолияти 72 сомонае, ки агентӣ санҷиш гузаронид, муайян карда шудааст, ки дар ягон сомонаи мақомоти давлатӣ эълони озмунҳо нашр карда намешавад.
Маросими муаррифии Портали ягонаи давлатии EGOV.TJ рӯзи 7 апрел дар доираи Ҳафтаи ICT Week баргузор шуд. Он замон зикр гардида буд, ки дар ҳамон вақт зиёда аз 40 сомонаи вазорату идораҳо аз лиҳози техникӣ омода буданд, аз ҷумла сомонаҳои шаҳрдории Душанбе ва Додситонии кул (Прокуратураи генералӣ).





Кортҳо зери назорат: чӣ гуна Душанбе Сити Бонк истифодаи кортҳо аз ҷониби бегонаҳоро пешгирӣ мекунад?
Дар Душанбе барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ маркази омӯзиши забони кореягӣ боз шуд
Нархи гӯшт дар кишвар чӣ гуна муайян мешавад ва чаро ҷаримаи гӯштфурӯшон мушкилро ҳал намекунад?
Даҳ варзишгари беҳтарини соли 2025 аз нигоҳи Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон
Ба Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой тақдим шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Медал”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Дар Тоҷикистон барномаи панҷсолаи рушди нерӯи барқ қабул шуд. Вазъи таъмини барқ беҳтар мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2025
“Хокаи ангишт ба ҷойи ангишт”. Шикояти сокинони Суғд аз гароншавии нархи ангишт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста