Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, ки дирӯз, 28-уми май, бо як сафари расмӣ ба Маскав рафт, бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, мулоқот кард.
Зимни ин мулоқот, тибқи иттилои расмии то ин замон интишоршуда, масоили вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардидааст.
“Равона сохтани талошҳо барои ҳалли ҷанбаҳои ҳалталаби соҳаи муҳоҷират аз мавзӯъҳои дигари суҳбати ҷонибҳо буд”, - гуфта мешавад дар хабарҳои расмӣ.
Аммо тафсилоти бештари масоили дигари баррасишуда дар ин маврид ҳоло дастрас нест.
Ҳамчунин, саҳифаи Маҷлиси миллӣ дар “Фейсбук” навиштааст, ки дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Владимир Путин дар мавриди вазъи Афғонистон низ гуфтугӯ сурат гирифтааст.
Манбаъ навиштааст, ки дар ин дидор маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо аз робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, тамоили мусбати ҳамкории мутақобила дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳарбиро таъкид намудаанд.

Ҳамчунин, зимни ин сафар, субҳи имрӯз, 29-уми май, Рустами Эмомалӣ бо Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия мулоқот карда, вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Тибқи итилои расмӣ, масъалаҳои танзими муҳоҷират ва тавсеаи равобити фарҳангию гуманитарии миёни ду кишвар аз мавзӯъҳои дигари суҳбат будааст. Вале тафсилоти бештаре дар мавриди гуфтушуниди ҷонибҳо дар самти муҳоҷират ҳоло дастрас нест.
Дар ин дидор дар мавриди беҳтар кардани робитаҳои байнипарлумонӣ низ гуфтугӯ сурат гирифта, ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳо ба иқтисоди Тоҷикистон зарур дониста шудааст.

Пештар аз ин, Рустами Эмомалӣ бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Маҷлиси федералии Русия низ мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва шарикии стратегии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дод.
Тибқи иттилоъи расмӣ, дар ин дидор ҷонибҳо дар мавриди масоили мубрами минтақаиву байналмилалӣ низ гуфтугӯ анҷом додаанд.

Бояд гуфт, сафари расмии Рустам Эмомалӣ дар Русия дирӯз бо гузоштани гулчанбар дар назди оромгоҳи сарбози номаълум дар боғи Александри шаҳри Москва оғоз гардид. Ӯ дар назди гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи қаҳрамононро пос доштанд.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари расмӣ Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста