Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пагоҳ, 25-уми июн бо мақсади шиносоӣ аз вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинон ва таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) сафар мекунад.

Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати ВМКБ ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ 3 рӯз идома хоҳад кард.

“Мақсади сафари ҷаноби олӣ ширкат дар ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ аст, ки рӯзи 27-уми июн дар майдони марказии шаҳри Хоруғ баргузор мешавад. Барои ин ҳама гуна омодагиҳо дида шудааст ва ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил хоҳад шуд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи манбаъ, дар доираи ин сафар, Эмомалӣ Раҳмон чанд иншоотро ҳам ифтитоҳ мекунад.

Акс аз Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бори охир моҳи октябри соли 2024 ба ВМКБ сафар карда буд.

Бояд гуфт, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифиани тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоиятро ба имзо расониданд, ки ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ хотима гузошт.

Ҳамасола ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва ҳатто берун аз кишвар, дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар мамолики гуногун чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ доир мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 27-уми июн тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи истироҳат муқаррар шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.