Имрӯз, 25-уми июл дар пайи як тағйироти кадрӣ ду муовини вазири тандурустӣ ба нафақа гусел крада шуда, ба ҷои онҳо нафарони нав таъин шуданд. Ҳамчунин, муовини вазрони адлияву кишоварзӣ ва чанд ниҳоди дигари низ иваз шуданд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори ҳукумат Ғафур Муҳсинзода ва Шодихони Ҷамшед, муовини аввал ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифа озод шуданд.
Шодихони Ҷамшед аз мансабдорони саршинос ба ҳисоб мерафт. Ӯ солҳои 2013 – 2018 раиси ВМКБ буд. Қаблан вакил ва ҳатто муовини раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуда буд. Ӯ аз ҷарроҳони саршиноси тоҷик дониста мешавад.

Ба ҷои онҳо, Саломиддин Юсуфӣ - муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Ҳабибулло Хайруллозода - муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъйин гардиданд.
Саломиддин Юсуфӣ то кунун сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми вазорат буд. Ҳабибулло Хайруллозода то имрӯз дар вазифаи сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд кор мекард.
Зафар Сафарализода, ки қаблан муовини сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президент буд, бо қарори ҳукумат ба курсии муовини вазири адлия такя зад. Моҳия январ Шараф Каримзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод шуда буд.

Сафаралӣ Назарзода курсии муовини вазири кишварзӣ такя зад. Гуфта мешавад, ки Сафаралӣ Назарзода то кунун сардори муассисаи “Трести чарогоҳу мелиоративӣ”-и қисми таркибии Вазорати кишоварзӣ будааст.
Дар қарорҳои ҳукумат имрӯз аз мансаб рафтани ягон муовини вазири кишоварзӣ зикр нашудааст, вале аз Вазорати кишварзӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки аз ин вазифа Машокир Назарзода ба нафақа баромад.
Бо амри президент, Фирдавс Абдуллозода муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ таъин шуд. То кунун дар ин курсӣ касе фаъолият намекард.
Меҳроб Муминзода ва Беҳруз Ҳасанзода ҳам муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии энергетикӣ таъйин шуданд. Ин Агентӣ ниҳоди нав аст ва бори аввал мансабдорони он таъйин мешаванд.

Баъди қариб се сол Қосими Охун муовини сардори Саридораи бойгонӣ таъйин гардид. Бори охир моҳи августи соли 2022 бо қароре Абдулло Маъруф Баҳрӣ аз ин вазифа озод шуда буд.
Ҳамин тавр, Зайниддинзода Фарух муовини якуми директор - сармуҳандиси МД “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” таъйин шуд. Ҷамшед Шафизода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа рафт.
Хадамоти матбуотии президент менависад, ки кадрҳои навтаъинро Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 25-уми июл ба ҳузур пазируфта зимни суҳбат онҳоро “ба кори софдилонаю содиқона ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла дар самтҳои хизматрасониҳои босифати тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини амнияти ғизоии кишвар, истифодаи босамару беталафи обу неруи барқ, баҳрабардорӣ аз дастовардҳои навтарини илму техника ва зеҳни сунъӣ дар идораи корҳо ҳидоят” кардааст.




Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста