Фаррух Ҳамрализода, ки охири ҳафтаи гузашта аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар ИМА озод шуд, рӯзи 18-уми ноябр бо судури фармони раисҷумҳур, муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ таъин шуд. Ӯ қабл аз сафирӣ низ дар мансабҳои баланди давлатӣ кор кардааст, аз ҷумла муддате раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо ва мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ буд.

Дар пайи ба вазифаи нав таъин шудани Фаррух Ҳамрализода, аз корномаи ӯ ёдовар шудем ва аз коршинос пурсидем, ки ҳадафи мувоини аввали вазири корҳои хориҷӣ таъин шудани ӯ чист?

 

Фаррух Ҳамрализода кист?

Фаррух Ҳамрализода 25-уми январи соли 1966 дар Душанбе зода шуда, баъди хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, дар Донишгоҳи давлатии олии техникии ба номи Баумани шаҳри Маскав дар риштаи муҳандис-механик таҳсил кардааст. Баъди хатми таҳсил дар соли 1991, дар Кумитаи давлатии иқтисод ба фаъолият оғоз карда, аввал мутахассиси шуъбаи сиёсати зиддиинҳисорӣ ва рушди соҳибкории хурд ва баъдан сармутахассиси шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди инфрасохтори бозорӣ таъин шудааст. Аз соли 1994 то соли 1995 муовини сардори шуъбаи пешгӯии иқтисодии Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ва як соли баъдӣ муовини сардори шуъбаи ислоҳоти иқтисодии ин вазорат буд.

Ҳамрализода соли 1996 сардори Раёсати рушди минтақаҳо ва баъдтар сардори Раёсати пешгӯӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ таъин шудааст.

Номбурда соли 1999 ба Маркази идораи лоиҳа дар соҳаи маориф ба кор омада, то соли 2005 дар вазифаҳои мутахассис оид ба харид, муовини директор ва директори ин идора кор карда, ду соли баъдӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Фаррух Ҳамрализода соли 2007 ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон омад ва мудири Шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таъин шуд. Ҳамзамон роҳбарии Лоиҳаи таҷдиди низоми идораи давлатиро ба уҳда дошт.

Ҳамрализода аллакай баъди як соли фаъолият дар ин ниҳод, соли 2008 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва соли 2009 Вазири рушди иқтисод ва савдо таъин шуд. То соли 2012 дар ин мансаб буд ва панҷ соли баъдӣ мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ  ва баъди тағйири ном кардани ин ниҳод, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ буд.

Фаррух Ҳамрализода соли 2017 раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва соли 2018 дубора раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон таъин шуд.

Ӯ соли 2020 аз ин мансаб озод ва сафири Тоҷикистон дар Амрико таъйин шуд. Баъди панҷ соли сафирӣ дар ин кишвар, 18-уми ноябри имсол ба курсии муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нишаст.

 

Сайфулло Сафаров
Asia-Plus

Шинохти давлатҳои абарқудрат

Бояд гуфт, аз Фаррух Ҳамрализода ҳамчун мансабдори таҷрибадор ва яке аз чеҳраҳои калидии сиёсати иқтисодии даврони истиқлол ёд мешавад. Ва таъини ӯ, ки то сафирӣ ҳамеша дар бахши иқтисодӣ кор кардааст, ба вазифаи муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ метавонад далели афзоиши таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба тақвияти бештари равобит бо ҷаҳони Ғарб ва афзоиши ҷалби сармоягузорӣ ба кишвар бошад.

Аммо коршиносон ба нукоти дигар низ ишора мекунанд. Аз ҷумла, Сайфулло Сафаров, сиёсатшиноси тоҷик, мегӯяд, таъини Фаррух Ҳамрализода, ба вазифаи муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ беҳадаф нест ва ҳатман ба рушди бахши муҳиме равона шудааст.

“Дар замони муосир, барои Тоҷикистон ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо, махсусан, барои ҳалли масоили иқтисодӣ дар сиёсат хеле муҳим аст. Шояд бо назардошти ин, Ҳамрализодаро  ба ин вазифа таъин намуданд”, - ибрози андеша мекунад ӯ.

Ба қавли сиёсатшинос, Ҳамрализода давоми сафириаш дар Амрико таҷрибаи хуб омӯхта ва ба эҳтимоли зиёд Амрикоро хуб шинохтааст.

“Имрӯз шинохти давлатҳои абарқудрат, чун Русия, Чин ва Амрико хеле муҳим аст. Ин ҳам метавонадяк сабаби муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ таъин шудани Ҳамрализода бошад”, - гуфт Сайфулло Сафаров.

Ёдрас мешавем, ҳафтаи охир дар ду тағйироти кадрӣ як қатор роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва сафирони Тоҷикистон дар хориҷа нав шуданд. Аз ҷумла, Завқӣ Завқизода аз мансаби вазири рушди иқтисод озод ва сафир дар Амрико таъин шуд. Ҳамчунин, Абдуҷаббор Раҳмонзода аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон барканор шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.