Тоҷикистон дар Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалии “Сайёҳӣ дар Шоҳроҳи абрешим”, ки дар шаҳри Тошканд аз 27 то 29 ноябр баргузор мешавад, иштирок мекунад.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар намоишгоҳ зиёда аз 300 ширкати машғули кор дар ин соҳа аз 30 давлати саросари дунё ширкат меварзанд.
Ба ҳайати Тоҷикистон раҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагни сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, иттиҳодия ва ширкатҳои сайёҳӣ, осоишхонаву дармонгоҳ ва Иттифоқи санъаткорони Тоҷикистон, инчунин шарикони рушд шомиланд.
Платформаи намоишгоҳ ба ширкату созмонҳои сайёҳӣ ҷиҳати пешниҳоди хидматрасониҳои худ ба бозори сайёҳии ҷаҳон имкон фароҳам меорад.
“Ширкатҳои миллии Тоҷикистон таҷрибаи ғании сайёҳӣ дар ҷумуҳрии моро муаррифӣ намуданд. Дар гӯшаиТоҷикистон афзалиятҳои рақобатпазири кишвар, аз ҷумла имконоти бойи табиӣ, сайёҳии тиббӣ ва солимӣ, экологӣ, варзишӣ ва кӯҳӣ, инчунин фарҳанги нодири мардуми тоҷик намоиш дода шуданд”, - гуфтанд дар Кумита.
Дар доираи кори намоишгоҳ форуми сайёҳӣ мегузарад, ки дар он раиси Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода дар бораи имконоти сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ изҳори назар кард.
Ғайр аз ин, вохӯрии раиси Кумита бо намояндагони ИДМ ва мақомоти сайёҳии кишварҳои шарик доир гардида, зимни вохӯриҳо дурнамои рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо мақсади густариши робитаҳои мутақобилан судманд баррасӣ шуданд.
Дар назар аст, ки дар ҷараёни дидору гуфтушунидҳо дар қолаби “В2В” ҳайати Тоҷикистон як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонад.





“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 декабри соли 2025
Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста