Миҷгона Бобоҷонзода, муовини Ваколатдори ҳуқуқи инсон (Омбудсмен), ки ҳамзамон Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон буд, аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Нигора Муқимӣ ба ин мансаб таъин шудааст.
Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба додани ризоият барои ин тағйирот аз сӯи палатаи поёнии парлумони кишвар, имрӯз, 11-уми март қабул шудааст.
Сабаби барканории Миҷгона Бобоҷонзода ва ин ки ӯ мансаби дигаре гирифтааст, ё не, маълум нест. Ӯ аз соли 2021 дар ин вазифа кор мекард. Бобоҷонзода қабл аз расидан ба курсии омбудсмени кӯдак сармутахассиси Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Нигора Муқимӣ қаблан дар вазифаи сардори раёсати муқовимат ба фасоди Оҷонсии мубориза бо фасоди кишвар кор мекард.
Ӯ хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, тибқи иттилои расмӣ, фаъолияташро дар мақомоти Оҷонсии зиддифасод аз соли 2010 оғоз ва дар чанд раёсати муҳими ин ниҳод кор кардааст.
Ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кудак, дар Тоҷикистон соли 2016 таъсис ёфт ва вазифаи он ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кудак мебошад. Роҳбари ин ниҳод як маротиба 5 сол таъин мешавад ва наметавонад ба ин вазифа бештар аз ду муҳлат пай дар пай таъин карда шавад. Аввалин роҳбари ин ниҳод Раҷабмо Ҳабибулозода буд, ки то соли 2021 дар ин мақом кор кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста