Дар маҷлиси навбатии ҳукумаи Тоҷикистон, ки имрӯз, 28-уми март таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд, омода кардани кишвар ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2026-2027 мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон менависад, ки дар ҷаласа нахуст, Абдураҳмон Абдураҳмонзода, вазири рушди иқтисод ва савдо дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 гузориш дод.
“Таъкид гардид, ки мақсади таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани супоришу тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 мебошад”, - навиштааст манбаъ.

Дар пайи ин, Эмомалӣ Раҳмон супориш додааст, ки нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ тасдиқ гардида, ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад.
Ҳукуматҳои шаҳру ноҳия ва вилоятҳо, инчунин, вазорату идораҳо уҳдадор шудаанд, ки то 20-уми ҳар моҳ маълумоти ҷамъбастиро ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳод кунанд.
Дар идомаи маҷлиси ҳукумат, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бораи “Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030” ва “Барномаи рушди донорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030” гузориш додааст.
Ҳамчунин, дар маҷлис, Нақшаи амали “Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар солҳои 2026-2027” ва Нақшаи амали “Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2026-2030” баррасӣ гардида, қарор қабул шудааст.
Дар охири ҷаласа, Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти марбута ҷиҳати иҷрои супоришҳои қаблӣ ва амалисозии қарорҳои маҷлиси имрӯза дастурҳо додааст. Аз ҷумла дар робита ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиӣ, бахусус селу обхезиҳо дар фасли баҳор супориш додааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста