Душанбе. 8 апрел. «Азия-Плюс» - | 1 тонна 127 кг навъи мухталифи маводи мухаддар, ки аз ҷониби ВКД Тоҷикистон мусодира шуд,рӯзи ҷумъа,8 апрел дар шаҳри Душанбе нобуд карда шуд.
Тавре ба «АП» дар ВКД хабар доданд, дар оташдонҳои махсус наздики 825 кг маводи мухаддари гурӯҳи каннабис, 286 кг ҳероин ва 20 кг афюн сӯзонда нобуд карда шуданд. «Маводи мухаддари сӯзонда шуда дар ин ё он парвандаи ҷиноӣ, ки ҳалномаи судиашон ба ҳукми қонун даромадааст ба унвони далел баромад мекарданд»- хабар доданд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Маводи мухаддари зикр гардида дар 122 парвандаи ҷиноӣ нисбати 168 нафар далели шаръи махсуб мегаштанд. Аксарият шаҳрвандони Тоҷикистон буда 6 тан аз онҳо хориҷиянд.
Қонунвайронкунандагон асосан тибқи бандҳои 200(гардиши ғайриқонунии маводи мухаддар ё маводи психотропӣ ба мақсади фурӯш) ва 201 (муносибати ғайриқонунӣ бо маводи мухаддар ё психотропӣ) – и кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд.
Соли гузашта аз ҷониби тамоми мақомоти қудрати ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз гардиши ғайриқонунӣ наздики 4 тонна маводи мухаддар мусодира карда шуд. Аз ин миқдор 60 % ё 2 тона 215 кг маводи мухаддар, ки 452 кг- и онро ҳероин, 287 кг афюн ва 1 тонна 475 кг каннабис ташкил медод, аз ҷониби ВКД мусодира шуд.
Гармидиҳӣ дар Душанбе. Имсол кадом иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд?
Нишасти парлумонии Тоҷикистону Русия. Кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Диду боздиди Муҳаммадбоқир Қолибоф бо Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ. Чӣ масъалаҳо баррасӣ шуданд?
НБО-ҳо бартариятро аз даст медиҳанд? Истеҳсоли неруи офтобӣ ва бодӣ афзоиш меёбад
Қурби рубл нисбат ба сомонӣ то сатҳи як соли пеш поин рафт
Ифтитоҳи Маркази шуғли фосилавӣ дар Шуғнон
“Ҳар кас фалаксаро шуда наметавонад”. Мусоҳиба бо фалаксарои ҷавони тоҷик Манучеҳр Бурҳонов
“Бо табар якеро захмӣ кард”. Муноқишаи хонандагони ду мактаб дар Душанбе
Ба ҷойи ҳаҷ. Сокинони Шаҳристон роҳ ва дар мактабҳо ошхона сохтанд
Дар мусобиқаи ҷаҳонии “Abu-Dhabi Grand Slam - 2024” Тоҷикистонро 6 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста