Душанбе. 14 апрел. «Азия-Плюс» - | Нерӯҳои қудратии ҳукумат имрӯз, 14 апрел, дар қишлоқи Самсолиқи ноҳияи Нуробод ба гузарондани амалиёти махсус оғоз карданд, иттилоъ медиҳад манбаъ дар вилояти Рашт.
Ба гуфтаи манбаъ, амалиёти вижа субҳи барвақт шурӯъ шуд. Дар амалиёт техникаи ҳарбӣ,аз ҷумла чархболҳо истифода мешаванд. Дар қатори нерӯҳои қудратии ҳукумат дар амалиёт собиқ раҳбари идораи минтақавии мубориза бо ҷинояти муштараки вилояти Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов ва тарафдоронаш ширкат доранд, хабар дод манбаъ. «Ҳузури Мулло Абдулло дар ноҳия ҳанӯз маълум нест», афзуд ӯ.
Раҳбари дафтари матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев хабари мазкурро рад намуда гуфт, ки дар қаламрави ноҳияи Нурободи вилояти Рашт машқҳои оперативӣ-тактикии воҳидҳои махсус гузаронда мешаванд.
Сардори дафтари матбуоти Вазорати амнияти Тоҷикистон Фариддун Маҳмадалиев низ ин хабарро таъид кард.
Ёдрас мешавем, ки тирамоҳи соли гузашта дар вилояти Рашт амалиёти вижаи боздошти ҷангҷӯёне, ки дар кушта шудани 28 сарбоз ва афсари Вазорати дифоъ муттаҳам мешаванд, гузаронда шуд. Тибқи маълумотҳои расмӣ яке аз ташкилкунандагони ҳамла Аловуддин Давлатов, машҳур чун Али Бедакӣ 4 январи соли гузашта бо як қатор ҳамраҳонаш дастгир ва кушта шуд. Дар қазия инчунин Абдулло Раҳмонов маъруф ба исми Мулло Абдулло муттаҳам дониста мешавад, ки ҳанӯз боздошт нашудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста