Душанбе. 15 апрел. «Азия-Плюс» - | Дар натиҷаи гузарондани амалиёти махсус дар шарқи Тоҷикистон Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло ва 10 ҷонибдори ӯ кушта шуданд. Дар ин хусус радиои «Озодӣ» бо такя ба иттилои маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад.
Бар тибқи иттилои манбаъ, тафсилоти бештари амалиёти вижа, ки субҳи 14 апрел дар ҷамоати Самсолиқи ноҳия Нуробод оғоз шуд , тавасути шабакаи телевизиони марказӣ намоиш дода мешавад.
Тавре имруз маълум шуд, дар натиҷаи амалиёти мазкур 2 корманди ВКД ва нерӯҳои махсуси Тоҷикистон кушта шуданд.
Мулло Абдулло дар ҳамла ба корвони вазорати дифои Тоҷикистон, рӯзи 19 сентябри соли 2010 муттаҳам дониста мешавад. Дар натиҷаи ин ҳамлаи мусалаҳона дар дараи Камароби ноҳияи Рашт 28 афсар ва сарбози тоҷик кушта, 10 тан захмӣ шуданд.
Ба иттилои расмӣ дар ҳамла инчунин Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба Алӣ Бедакӣ ва ҷонибдорони ӯ, ки 4 январи соли 2011 кушта шуданд, ширкат доштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста