Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Нимаи дуюми рӯзи чоршанбе дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон бо мақомоти раҳбарии Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва муовини котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ гуфтушунид анҷом дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар ин гуфтушунидҳо масоили даст ёфтан ба таъмини амнияти минтақа, ҳамкории низомии мутақобилаи ҷонибҳо, таҳким бахшидан ба ҳамкориҳо дар муборизаи муштарак алайҳи терроризми байнулмилалӣ ва ифротгроии мазҳабӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, аслиҳа ва ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ шуданд. «Дар ҷараёни гуфтушунид ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ табодули афкор намуданд», - гуфт ӯ.
Ба қавли Ф.Маҳмадалиев, зимни сафари худ ба Тоҷикистон, ки то 15-уми июли соли ҷорӣ идома меёбад, Н.Бордюжа аз як қатор қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ боздид карда, бо шароитҳои будубоши афсарону сарбозон ва сатҳи омодагии ҳарбии онҳо аз наздик ошно хоҳад гардид.
Ёдрас мекунем, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис ёфта, давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста