Душанбе. 8-уми август «Азия-Плюс» — | Дар маросими ифтитоҳи расмии фаъолияти Маркази хизматрасонӣ барои системаи автоматигардонидашудаи гумрукии Тоҷикистон Кордори Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонум Сара Пенҳюн ва Муовини аввали роҳбари Хадамоти Гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Неъмат Раҳматов ширкат намуданд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, нормафзори Маркази хизматрасонӣ бо кӯмаки Лоиҳаи минтақавӣ оид ба савдои озод ва ислоҳоти гумрукии Оҷонсии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ (USAID RTLC) таҳия гаштааст. Маркази хизматрасонӣ барои Системаи иттилоотии автоматикунонидаи ягона аҳамияти ёрирасон дорад, ки ба сарфаи вақту хароҷоти соҳибкорон ва кормандони гумрук мусоидат хоҳад кард.
Ҳангоми суханронияш хонум Пенҳюн чунон иброз дошт: «Истифодаи самараноки низоми автоматигардонидаи гумрукӣ рағбату ҳавасмандиро ба тиҷорат зиёд карда, рушди иқтисоди ва ғанигардонии буҷаро аз ҳисоби андоз таъмин менамояд, инчунин ба коҳиши сатҳи фасод мусоидат мекунад .»
Ҷаноби Гунтис Штамерс, коршинос аз Лоиҳаи USAID RTLC оид ба технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи гумрук иброз дошт, ки: «Маркази хизматарсонӣ ҳамчун нуқтаи дастрасии иттилоотӣ барои истифодабарандагони системаи зерин ҳангоми рух додани мушкилӣ хизмат хоҳад кард. Нормафзори дар чорчубаи Маркази хизматрасонӣ таҳия гашта фаъолияти пайваста, босуръат ва самараноки онро таъмин мекунад.»
Лоиҳаи Минтақавии USAID оид ба савдои озод ва ислоҳоти гумрукӣ яке аз барномаҳои зиёди ба рушди кишвар нигаронида шудаест, ки ба шарофати дастгирии мардуми Амрико имконпазир гардида, тавассути USAID дар кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад. Шурӯъ аз соли 1992 мардуми Амрико тавассути Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе тахминан 984 миллион доллари амрикоиро барои барномаҳои кӯмакрасон ба Тоҷикистон дар самтҳои рушди ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодӣ маблағгузорӣ кардаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста