Дар минтақаи ҷануби Қазоқистон зимни як амалиёти махсус гурӯҳи террористон кушта шуданд. Ду нафар корманди гурӯҳи таъиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ба ҳалокат расиданд.
Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости бо такя ба намояндаи расмии Прокуратураи генералии Қазоқистон Нурдавлат Суиндиқов, дар шаҳраки Боралдаи ноҳияи Илиёи вилояти Алмаато рӯзи 3-юми декабр тахминан соатҳои 19.30 дақиқа ҳангоми боздошти шахсони гумонбар ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин онҳо муқобилияти мусаллаҳона нишон додаанд. Ҷинояткорон дар як манзили шаҳрак ба муҳосира гирифта шудаанд.
«Дар ҷараёни амалиёти махсус ду нафар кормандони хадамоти «Аристон»-и Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон маҷрӯҳ шуда ба ҳалокат расиданд», - гуфтааст прокурор.
«Пас аз рад сохтани пешниҳоди ба ихтиёри худ таслим шудан ва муқобилияти мусаллаҳона нишон доданд панҷ нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша, аз ҷумла роҳбари онҳо низ кушта шуданд», - хабар додааст Суиндиқов.
Макони ҳодиса аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба иҳота гирифта шуда, сокинони манзилҳои наздики ҷойи ҳодиса ба ҷойи бехавф кӯчонида шуда буданд. Гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шуда, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба низоми пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд. «Миёни аҳолии осоишта талафоти ҷонӣ ва маҷрӯҳон ба қайд гирифта нашудаанд. Амалиёти махсус соати 23:45 дақиқа ба анҷом расид», - афзудааст Суиндиқов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста