Аз 5 то 9 декабри соли 2011 бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони ҷавон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг дар мавзӯъи «Тамоюлҳои ҷаҳонии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир» мегузарад.
Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, тренинг аз ҷониби Раёсати мубориза бо мухаддироти (ДЕА) назди Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар нахустин рӯзи оғози семинар Директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров ҳамкориҳои наздики ҷонибҳоро дар самти назорати маводи мухаддир хуб арзёбӣ кард.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни тренинг омӯзиши маводҳои методӣ, ҳамчунин гузаронидани дарсҳои амалӣ аз рӯи мавзӯъҳои гузашта дар назар аст. Мақсади тренинг баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандон, васеъ кардани имкониятҳои онҳо барои беҳтар кардани фаъолияти ҳаррӯзаашон мебошад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста