Чанде қабл дар қаламрави кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) амалиёти густардаи байнулмилалии зидди маводи мухаддир таҳти унвони «Канал-2011» ба анҷом расид.
Ҳадаф аз он минбаъд амалисозии вазифаҳои амалӣ оид ба бастани роҳу воситаҳои қочоқи афюни афғонӣ ва маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис, кокаин ва маводи мухаддири синтетикӣ дар қаламрави кишварҳои минтақаи Авруосиё, интиқоли ғайриқонунии прекурсорҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ва амалисозии чораҳои комплексӣ оид ба мубориза зидди қонунигардонии даромад аз фурӯши маводи мухаддир аст.
Тавре дар иттилоияи интишоргардидаи СААД зикр мегардад, дар давоми ҳафта оид ба қатъ сохтани фаъолияти гурӯҳҳои машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, мусодираи маводи нашъаовар ва воситаҳои психотропӣ, аслиҳа ва зарба задан ба бунёди иқтисодии тиҷорати маводи мухаддир тадбирҳо андешида шуданд.
Дар амалиёт мақомоти зидди маводи мухаддир, мақомоти амният ва умури дохилӣ, хадамоти гумрук ва сарҳадбонӣ, хадамоти иктишофии кишварҳои узви СААД ва ҳамчунин мақомоти марбутаи кишварҳои нозир – Озарбойҷон Афғнистон, Венесуэла, Эрон, Италия, Чин, Латвия, Литва, Покистон, Лаҳистон, Украина ва Эстония ширкат варзида, шумори умумии иштироркчиёни амалиёт ҳудуди 15 ҳазор нафарро ташкил дод.
Дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва иншооти роҳи оҳану нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ ҳудуди 8 ҳазор адад гурӯҳҳои фаврии муштарак, 10 ҳазор посгоҳҳо дар самти фаъолият, назорати 2700 истгоҳҳои роҳи оҳан, беш аз 980 фурудгоҳҳо ва 6 ҳазор роҳҳои автомбилгард ва ҳамчунин 260 бандарҳои баҳрӣ ташкил карда шуданд.
«Ба туфайли амалиёти муштараки муваффақона аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 16 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла зиёда аз 500 кило героин, беш аз 90 кило маводи нашъаовари синтетикӣ, беш аз 9 тонна афюн, 1,5 тонна бангдона, 2,3 тонна ҳашиш, ҳудуди 130 кило кокаин ва ҳамчунин беш аз 30 тонна прекурсорҳо мусодира гардиданд, - омадааст дар иттилоия. — Дар ҷараёни амалиёт ҳамчунин 200 адад аслиҳаи оташфишон ва зиёда аз 36 ҳазор дона муҳимоти ҷангӣ мусодира гардида, беш аз 4 ҳазор ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор карда шуданд. Зимни амалиёт беш аз 21 ҳазор парвандаи ҷиноӣ боз шуд, ки 3400-тоаш ба ҷинояти муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир марбут аст. Барои содир намудани ҷиноёти вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳудуди 4 ҳазор нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд».
Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис ёфта, давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста